Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба номи Худо қасам хӯрд, ки...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват кард, дар баробари таблиғгарони аҳзобу мазоҳиби ифротӣ хомӯш наистанд.
Ӯ дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе гуфт, “мову Шумо бояд даҳани ин таблиғгарони салафию шиащои "Исноашария"-ро бандем”. Дар ҳоле ки ба қавли муфтӣ, “ин таблиғгарони мазоҳиби ифротӣ дар бағал пачкаҳои доллар вориди ҷомеаи мо шуда, мехоҳанд, бархе аз сокинони кишварро аз мазҳаби Ҳанафия берун созанд”.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, ӯ борҳо аз ҷавонони кишвар даъват кардасту боз ҳам мекунад, ки ба ҳеч гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ напайваста, зиндагии хешу атрофиёнашонро табоҳ насозанд. Абдулқодирзода аз афроди таблиғгари равияи шиа ва салафия дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик хоинони Ислом ном бурда, гуфт, ҳоло фарҳангу маърифати динии мардуми мо ба ҳадде поин аст, ки бардошти гуногунмазҳабию барангехтани масоили ихтилофии диниро надорад: “Ба Худо қасам ҳар кас масоили ихтилофиро дар ҳамин замон мебардорад, душмани Ислом аст.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ гуфта буд, ҳар кӣ дар Осиёи Миёна алайҳи арзишҳои мазҳаби “Ҳанафия” таблиғ ва мубориза мебарад, душмани Ислом бояд хонда шавад. Раиси ҲНИТ дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон таъкид карда буд, тӯли садсолаҳо мешавад, мардуми Осиёи Миёнаро дини Ислом ва мазҳаби “Ҳанафия” дар канори ҳам ҷамъ кардааст ва ба миён омадани равияву мазоҳиби дигар дар минтақа боиси низоъ ва нооромӣ хоҳад шуд.
Даъват ва пуштибони аз мазҳаби Ҳанафия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави кишвар оид ба дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |