Кумитаи дин: Нақзи қонуни танзим афзоиш ёфтааст
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи январи соли равон 57 ҳолати нақзи қонуни танзими расму оин сабт шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2012 29 ҳолат зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ аз ҷумла дар вилояти Суғд 22 ҳолат, вилояти Хатлон 12, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 16 ва шаҳри Душанбе 6 ҳолати нақзи қонуни танзим сабт шудааст.
Кумитаи дин афзуд, ки тайи моҳи аввали соли равон аз ҷумла аз рӯи 11 ҳолати қонуншиканӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода, 3 масъули тарабхона, 2 нафар муваққатан бекор, 2 донишҷӯ, 1 сароянда, 1 раиси маҳалла, 1 муҳосиб ва 1 муҳоҷири меҳнатӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |