Иттиҳоди Амрико ва Аврупо алайҳи маҳдудиятҳои динӣ дар... Тоҷикистон
Масъулони Кумисюни Амрико оид ба озодиҳои динӣ дар мулоқоти нахустини худ бо гуруҳи кории Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел қарор кардаанд, ки минбаъд алайҳи маҳдудсозиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳон муттаҳид хоҳанд шуд.
Торнамои "Вашингтон пост" хабар медиҳад, Мерӣ Ан Глендон, масъули Амрико оид ба озодиҳои динӣ зимни мулоқот гуфтааст, “вақте танҳо як кишвар аз маҳдудиятҳо дар кишвари дигар гап мезанад, метавонад дар дуруғгӯӣ муттаҳам шавад. Аммо вақте чандин кишвар муштарак аз мушкилоти диндорон дар ин ё он кишвар ҳарф мезананд, метавонанд, натиҷаеро ба бор оранд.”
Денис Йонг ва Петер Дален, роҳбарони гуруҳи кории Иттиҳоди Аврупо оид ба озодии дину ақида, таъкид кардаанд, ки дар сиёсати хориҷии ин иттиҳод бояд озодиҳои динӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигиранд. Онҳо аз ҷумла 15 кишвари ҷаҳонро зикр кардаанд, ки вазъи озодии дину ақида дар онҳо нисбатан нигаронкунанда мебошад ва Тоҷикистон низ ба қатори ин кишварҳо шомил шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Кумисюни Амрико низ дар соли 2013 ба Департаменти давлатии ин кишвар маслиҳат додааст, Бирма, Чин, Эритерия, Эрон, Куриёи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Узбакистон, Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ветнамро ба рӯйхати кишварҳое ворид кунад, ки вазъи озодии дину ақида дар онҳо аз ҳама бадтар аст.
Масъулини Иттиҳоди Аврупою Амрико мегӯянд, дар бисёре аз ин кишварҳо намояндагони дин ба далели таъмини амнияту мубориза бо ифротгароӣ мавриди таъқиб қарор гирифта, даҳҳо нафар зиндонӣ мешаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |