Бахшҳо
14 фев 2014 09:48Хабарҳои ҷаҳон

Путин ба Абдулфаттоҳ Сисӣ дар интихоботи Миср "роҳи сафед" хост

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз тасмими Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбии Миср барои пешбарии номзадияш дар интихоботи президентии ин кишвар истиқбол кард.

Раисиҷумҳури Русия дар пайи маросими ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ дар баробари ба ҳузур пазируфтани руасои бархе аз кишварҳо бо Абдулфаттоҳ Сисӣ низ мулоқотеро анҷом дод. Путин дар ин дидор бо сарфармондеҳи қушунҳои ҳарбии Миср таъкид кардааст, “Маскав итминон дорад, Қоҳира баъд аз баргузории интихоботи президентияш як сиёсати ҳамкории комил бо Русияро ба роҳ мемонад.”

Раисиҷумҳури Русия дар баробари таманниёти муваффақият барои Сисӣ дар интихобот, гуфтааст, “бар дӯш гирифтани тақдири ояндаи мардуми Миср тасмими масъулиятнок ва муҳим мебошад.” Гуфта мешавад, Сисӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд. Ҳарчанд ӯ расман номзадии худро эълон накардааст, вале аз сӯи артиши Миср номзадии ӯ пешбарӣ шуда, то кунун бо чанд расонаҳои хабарӣ дар бораи азми иштирокаш суҳбатҳо анҷом додааст.

Коршиносони мисрӣ мегӯянд, азбаски Сисӣ аз пешбарии номзадияш дар ин интихобот хабар додааст, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, ки бо пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, хеле кам эҳсос мешавад. То ҳол танҳо як нафар, Ҳамдейн Сабоҳӣ, асосгузори Ҳаракати мардумии Миср расман аз омодагии худ дар интихоботи президентии Миср хабар додааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
дусти ХУДО
Ин шоаллох ин хабиси хоини дину миллат хечгох пируз намешавад Доктор Мухаммад Мурси раиси мунтахаби Миср пируз мешавад

Дунёдор
Зинда бод СИСИ. Обожаю СИСИ.

Ин хоин бо хоинони дигар мулокоткардааст. Ягон чои таачубас нест. Войй умаро кучоди ки ба холи мусалмонхо бингари ки мусалмон аз дасти мусалмон ба катл расида истодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)