Бахшҳо
13 фев 2014 17:53Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

ҲНИТ дар бораи нафари муттаҳам ба таҷовузи 2 духтарандараш

Натиҷаи таҳқиқи гуруҳи кории Ҳизби наҳзати исломӣ, ки Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсӣ ва Муҳаммаднабӣ Бердиев, раиси бахш дар Ҳисор шомили он будаанд, нишон додааст, ки Маҳмадулло Холов -- нафари муттаҳам дар таҷовузи ду духтарандари ноболиғаш, ҳеч гоҳ узви ҲНИТ набуда, риш ҳам надоштааст.

ҲНИТ баъд аз зӯҳри 13 феврал дар торнамои худ навишт, гуруҳи корӣ мушаххас кардаанд, ки Маҳмадулло Холов, воқеан, зодаи деҳаи Обигарми дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор буда, соли 2003 ба Исфара рафта будааст. Ба гуфтаи ҳайати гуруҳи корӣ, Холов баъдан бо Мунира Тӯхтаева издивоҷ намуда, дар хонаи ӯ дар Гузари Эшон (Ҷӯгимаҳалла)-и ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.

Ҳамсояҳои Мунира Тӯхтаева нақл кардаанд, ки Маҳмадулло Холов гоҳо ба хонаи ӯ омада, ҳамчун «табиби мардумӣ» дар Исфараву Конибодом ва дигар ноҳияҳои атрофи ин минтақа фаъолият доштааст. “Шаҳодатномаи №016473, ки бар асоси он Маҳмадулло Холов узви ҲНИТ гуфта мешуд, сохта ва тақаллубист. Чунки бо ин рақам шаҳрванд Азиза Солиева, сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара ҳамчун узви воқеии ҳизб шинохта мешавад”,-навиштааст торнамои ҲНИТ. Ҳизби наҳзати исломӣ ришу мӯйлаби Маҳмадулло Холовро низ сунъӣ дониста гуфтааст, афроди наздик ба ӯ ҳангоми тамошои навор Холовро нашинохтаанд. “Чунки дар асл ин айбдоршаванда риш надоштааст”,-мегӯянд гуруҳи корӣ.

ҲНИТ дар бораи нафари муттаҳам ба таҷовузи 2 духтарандарашНаздикони Холов илова кардаанд, ки ӯ саводи динӣ надошта, ҳатто намоз ҳам намехонд. Ба қавли масъулони ҲНИТ, Холовро чанд нафари ниқобдор гӯиё чанд рӯз қабл аз намоиши гузориши телевизионии Кумитаи амнияти миллӣ аз манзили зисташ бо худ бурдаанд. “Баъд аз анҷоми чунин саҳнасозиҳо Маҳмадулло Холов дар ҳолати зарби равонӣ ба ноҳияи Ҳисор меояд, ки дар баданаш осори латукӯб мушоҳида мешудааст. Баъд аз дидани навори телевизионӣ ва зоҳири сохтаи хеш зарбаи дигари равонӣ мебинад ва гӯиё ба беморхонаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ интиқол ёфтааст”,-навиштааст торнамои ҲНИТ.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, тасмим доранд, “дар мавриди ҳодисаи тақаллубкории шаҳодатномаи ҳизбӣ ва пахши таҳқиромези навори телевизиониву равона кардани муҳтавои он бар зидди ҲНИТ дар наздиктарин фурсат ба додгоҳ муроҷиат кунанд”.



Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хисрав
ХНИТ шумо бояд ба ин нафарон чавоби дуруст гардонед!!!

Мухлис
ХАКИКАТ ХАМЕША РУЙ МЕЗАНАД
ИНШОАЛОХ ИН ХИЗБИ НАХЗАТ ГАЛАБА МЕКУНАД

Точикистони
Э бас будагист шармандаги шумо бо ин коратон дар тамоми чахон нишон дода истодаед ки точико хамин хеланд э шумо сиёхкунандахо шумо аввал худатонро ислох кунед.Э бахудо айбаст!
ХНИТ хамчун оинаи чахоннамо аст.
Хамаи рахбарону аъзоёнаш барои ислохи чомеъа кушишу захмат кашида истодаанд.

Ман фарк кардам ки ришу фаши ИМОНЗАИФ сунъист. ва ин хам исбот шуд. Ин дунё имтихон аст мегузарад, аммо назди ОЛЛОХ чи чавоб мегуфта бошанд онхоеки инро мачбур кардаанд ва хуни онки ин корро кард????????????

Oyandasoz
Navor misli chand navori qabl faqat baroi badnom kardani mulloho omoda shudaast.
Ham Xolov va ham in duxtarak az rui tars va qoriazyod kadagiyan gaposhona.
Poyoni shabi siyah safed ast.

Азиз
Ин чи ахвол? Даххо нафар чинояткорро (хамин чиноятхояшон низ мачбури ё дуруг аст) бардуруг аъзои ХНИТ муаррифи мекунанду ХНИТ ро решакан кардани мешаванд. ХНИТ барои хакикат мубориза бар. Барои хакикат! Худо мададгори хама бошад!

odamkhudo
baroi tashkhis ba laboratoriyai bio-papa burdan darkor/for more info...ask fattoh saidov/

Эхееее
Эх шармандагияшонро ХНИТ баровард лекин. Ахсан ба нахзат! Бояд гуфт, ки бе ин хам касе ба ин спектакли хукумати бовар накарда буд. Ана акнун шубхаи мардум нисбат ба ин кори кумитаи амнияти милли бештар шуд. Хадафашон танхо бадном кардани хизби мухолиф асту бас.

беҳизб
Ман як чизро намефаҳмам, ин зимомдорон ин қадар мардуми худро гӯлу гаранг мепиндоранд?! офтобро ба доман пушида намешавад охир. Зарурати таҳияи чунин як наворро дар чист ва он ҳам ин қадар беҳунарона ва ҳам соддаву оддӣ.???!!! Эй мардуми давлатдор, бедор шавед, асри 21 аст, сохтакоризои шумо ба зудӣ ошкор мешаванд, мардумро ҳанӯз ҳам колхозчии иҷрокунандаи плани панҷсолаи кирмакпарварӣ напиндоред дигар!

Сардор
Ин хукуматдорон кори дигар надошта бошанд, ки факат аз паи беобру намудани ХНИТ кор бурда истодаанд. Кумитаи амнияти милли бо ин сохтакорихояш шарафи мусулмонони Точикитонро дар байни дигар давлатхои мусулом тамоман паст зад. Локин дониста монед; Санги бадгавхар агар косаи заррин шиканад, Кимати санг наафзояду зар кам нашавад.

Хеле кори савоб кардед, вале пура то ба охир тадкикро анчом додан лозим, то ки хакикат ошкор бигардад. Мисол чунин савол чавоб мехоханд:
- вокеияти холати тачовузшавии ноболигон ва таваллуднамоии яке аз онхо?
мумкин ин холатхам дуруг бошад.
Пас маълумот оиди холати вокеъро ба Хукумат расонидан даркор. Дар паси ин такалубкорихо, ки бо чи максад меистад? ин холат метавонад ба нооромии дохилии кишвари азизамон бирасонад, ки ин ба манфиати миллат нест.

Пас мардум ба ин Хукумат ва ба ин макомоти хукукаш чи гуна бовар кунанд? Ба хотири бадноми кардани як хизб ба чашми тамоми давлату миллат хок мезананд.
Войи ин миллат!

Ахил карим
вой вой вой бар холи мо мусалмонони бетараф! имруз дину номуси моро тахкир мекунанду аз байн мебаранд метарсем чону зиндаги ширини мекунад вой вой Аллох кур шавемпеш аз он ки дини Туро хор бинем хор шудем

а
Айб аст. То ин дарача пастигариву такаллубкори кардан. Инхо хеч фикр намекунанд, ки дар рузи киемат бо ин корхо руйсиех мешаванд. Баъди хамин гуна корхо оё ба хамин хукумат ягон бовари мемонда бошад?

давомаш
Дар куктош хам нест, кгб уро аз ончо гирифта ба чои номаълуме бурдааст. шояд..............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)