Вазир: Лоиҳаи роҳи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ниҳоӣ нест

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Асозода изҳор дошт, ки феълан 4 хатти бунёди ин роҳ дар ҳоли баррасӣ аст, ки интизор меравад, шакли ниҳоияш дар Душанбе моҳи марти соли равон зимни мулоқоти масъулини нақлиёти се кишвар баррасӣ шавад ва ёддоште дар ин масъала ба имзо расад.
Айни ҳол барои асосноккунии техникию –иқтисодии қисмати тоҷикистонии ин роҳ Бонки осиёии рушд 1 миллион доллар ҷудо карда, интизор меравад, ки сохтмони қисмати тоҷикистонии ин роҳ соли 2015 оғоз шавад.
Ин дар ҳолест, ки Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар нишасти ахири хабарияш гуфт, бо Кобул дар мавриди хатти роҳи оҳани Тоҷикистон-Туркманистон тариқи қаламрави Афғонистон ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамагӣ 200 километр дарозӣ хоҳад дошт. Ӯ изҳор дошт, “хатсайри пешниҳодкардаи Кобул хеле дароз буд ва мо роҳеро пешниҳод намудем, ки дар қаламрави Афғонистон каме бештар аз 200 километр дарозӣ хоҳад дошт.”
Аммо Ашқобод аз изҳороти Ҳукумов нигаронӣ карда, таъкид месозад, ки тибқи меъёрҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои бисёрҷониба бояд дар асоси иштироки баробари ҳамаи тарафҳо таҳияю татбиқ шаванд. Созишнома дар бораи бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 зимни таҷлили Наврӯз дар Ашқобод аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расида буд. Роҳи мазкур дар шароити монеасозиҳои Узбакистон барои Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |