Торнамои “Озодагон” ҳамарӯза аз тарафи хонандагони худ даҳҳо шарҳу пешниҳод ва нома дарёфт мекунад, ки аксари онҳо дар пайи хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло номаи алоҳидаи хонандаи худ “Собири Ваҳҳоб”-ро, ки ба мо фиристодааст, чоп мекунем ва аз Шумо ҳам мехоҳем, агар гуфтание доред, лутфан ба имейли ozodagonweb@gmail.com бифристед.
"Дар як соли гузашта номи “мулло” дар Тоҷикистон бо бачабозиву таҷовузу зинокорӣ ба ҳадде бад шудааст, ки акнун иддае аз хитоб шуданашон ба ин унвон як навъ шарм мекунанду худро таҳқиршуда меҳисобанд. Ҳатто дар чанд маҳфил шоҳиди он будам, ки баробари мулло гуфта хитоб кардан, баъзе дӯстон ранҷидаву гуфтанд, “ман мулло нестам. Илтимос, маро дигар мулло нагӯ!” Муллое, ки дуову фотиҳа ва гӯру чӯби мо бе онҳо намегузашту намегузарад ва ҳар касро лоиқи ин ном намедонистанд, ҳоло хоставу нахоста ба рамзи зинокориву таҷовуз табдил шудааст.
Ин, албатта, хидмати гузоришҳоест, ки тайи як соли охир дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Албатта, ҳама бар ин назар буданд, ки ин барномаҳои ба қавле “антинаҳзатӣ” ё “антимулло” маънои як маъракаи роҳандозишуда барои сиёҳкунии “бегонаҳо”-ву сафедкунии “худиҳо” дар арафаи интихоботи президентӣ асту то чанд моҳи дигар бо дурӣ ҷустан аз шабакаҳои ТВТ халос шудан имкон дорад.
Аммо намоиши барномаи ахири шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар бораи Маҳмадулло Холов, ки гӯиё духтарандарҳои ноболиғашро таҷовуз кардаасту аз ин як “табиби мардумии зинокор” низ мулло ном бурда шуд, маълум аст, ин “консерт” ҳоло ба зудӣ хотима ёфтанӣ несту дуру дароз идома мекунад. Дар ин барномаҳо ҳар шахси гунаҳкор, бигузор он табиб аст ё ҷодугару зинокор, ба унвони “мулло” муаррифӣ мешавад. Албатта, ҳамон муллое, ки мову Шумо, бахусус таҳиягарони ин барномаҳо дар рӯйдодҳои муҳими ҳаёти худ, чӣ хурсандию чӣ мусибат бидуни онҳо об аз гулӯямон намегузарад. Дақиқтараш, ҳар гоҳ наздиконамон ба дунё омад ё издивоҷ кард ва ё моро тарк гуфт, ба суроғаш меравему даъваташ мекунем.
Мехостам ба хонандаи азиз гӯям, ки банда на наҳзатияму на мулло, вале ба ҳайси як сокини ҷомеаи 99%-и мусулмонии Тоҷикистон ин чиз маро нигарон кардааст, ки чаро маҳз ҳар муҷриме боздошт мешавад, ӯ бояд ба ҳайси пешвоёни дини ман муаррифӣ шавад? Воқеан, тааҷҷубовар ва боиси нанг аст, вақте ба унвонии ходимони дини мубини Ислом тавассути телевизионе тавҳину таҳқир фиристода мешавад, ки аз ҳисоби ҷомеаи 99%-и пайравони ин дин фаъолият дорад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳама чиз соҳиб дорад ва он соҳибаш низ гуфтааст, ҳар чӣ фуруд овардаем, нигаҳбону ҳимоятгараш худи моем!
Имрӯз дар ҳоли роҳ додан ба хатое ҳастем, ки дар гузашта таҷрибаи талхи онро дорем. Як бор аҷдоду бобоҳои худро ба хотири ба даст овардани ризоияти давлатмардони Иттиҳоди Шӯравӣ “босмачӣ” ном гузошта ба қатлу берун кардани онҳо аз Ватан чӯбдаст шудем, ки то ҳол ба хотири номи гузоштаи худ шарм мекунем. Ҳоло бошад ба ин ҳама қаноат накарда, ба калимаи “босмачӣ” ҷомаи нав пӯшонида, “мулло” унвонаш гузоштем.
Ё шояд бо ин иқдом гуфтанием, ки дигар ҷомеаи мо ба мулло ниёз надорад?
Собири ВАҲҲОБ"