Зайд Саидов гуфтааст, аз шароити боздоштгоҳ шикоят надорад
Як гурӯҳ аз намояндагони Созмони Милал ҳангоми боздид аз боздоштгоҳу муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, дидор кардаанд. Лилия Захарева, мушовир оид ба ҳуқуқи инсони дафтари Созмони Милал дар Душанбе, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ин дидор тасодуфӣ буд”.
Захарева мегӯяд, “дар ҷараёни сафари худ ҳайати Созмони Милал оид ба шиканҷа аз боздоштгоҳҳо ва дигар муассисаҳои пӯшида боздид карданд. Мулоқот бо маҳбусони мушаххас набуд. Вале мо ҳамроҳи намояндаи ҳайати СММ оид ба шиканҷа ва Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон тасодуфан бо Зайд Саидов вохӯрдем. Дар ҷараёни сӯҳбат аз ӯ дар бораи шароити нигоҳдорӣ, имкони ба ҳавои тоза баровардани маҳбусон ва истифодаи шиканҷа савол кардем.”
Ба қавли Лилия Захарева, Зайд Саидов дар ҷавоб ба суоли онҳо гуфтааст, нисбат ба ӯ аз шиканҷа кор нагирифтаанд ва ӯ аз шароити нигоҳдорӣ дар боздоштгоҳ шикояте надорад. Аз ин пеш, 12 феврал, дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон”, Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа, ки бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон буд, гуфт, бо Зайд Саидов дидор накардааст. Ӯ гуфт, онҳо бо масъалаи афроди алоҳида сарукор надоранд, балки вазъро дар умум назорат мекунанд.
Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, моҳи майи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, дар ҳоле ки масунияти вакили шаҳриро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро ба бисёрзанӣ, қаллобӣ, ришват, сӯистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, моҳи декабри 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум намуданд. Вакилони мудофеи Зайд Саидов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва ҳоло низ ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ пофишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ҷаноби Саидов дар ҳеч кадом аз иттиҳомоте, ки мақомот ба номи ӯ пайванд медиҳанд, даст надорад. Вале худи ӯ ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, агар маҳкумияти ӯ ба наъфи миллат ва суботи ҷомеаи тоҷик зарур аст, пас, ӯ метавонад зиндонӣ бошад.
Бо гузашти тақрибан ду моҳ аз замони эълони ҳукми Зайд Саидов вакилони мудофеи ӯ то ҳол натавонистаанд матни ин ҳукмро дастрас кунанд. Шавкат Абдулхайров, қозии парванда, ба онҳо шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати ошкор накардани ҷузъиёти ҳукм матни онро барояшон хоҳад дод. Ин аст, ки то ба ҳол вакилон натавонистаанд аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ баранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |