Барканории Мӯъминҷон Тошматов ва вазифаи нави Фурқат Ҳошимов
Сардори “Шабакаҳои барқии Суғд” Мӯъминҷон Тошматов баъд аз 12 соли фаъолият дар ин идора аз мақомаш барканор гардидааст. Вай ҳамзамон ба ҳайси муовини раиси намояндагии ширкати Барқи тоҷик дар Суғд кор мекард.
Дар ин бора ба “Озодагон” сармутахассиси Шӯъбаи энергетика ва саноати вилояти Суғд Набиҷон Ҷабборов хабар дод. Ӯ гуфт, ҳоло ба ҷойи Мӯъминҷон Тошматов собиқ раиси шабакаҳои барқии шаҳри Конибодом, Фурқат Ҳошимов, таъин гардидааст.
Аз вазифа барканор шудани Мӯъминҷон Тошматов дар ҳолест, ки давоми чанд рӯз дар маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд дар шабонарўз то 6 соат ва баъзан аз он ҳам зиёдтар интиқоли нерўи барқро қатъ менамоянд. Вале сабаби барканории Мӯъминҷон Тошматов расман шарҳ дода нашудааст.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |