Бахшҳо

Таъриф аз Амонулло Ҳукумов баъд аз "гусел"-аш ба нафақа

Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз, 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон аз Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси барканоршудаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъриф кард.

Асозода изҳор дошт, “он корҳои ободоние, ки Амонуллои Ҳукуматулло барои Тоҷикистон кардааст, ман ҳамчун вазир накардаам. Ин аст, ки ӯро бо як эҳтироми хосса ба нафақа гусел кардем.”

Дар мавриди бархӯрди Ҳукуматулло ба барканорияш, вазири нақлиёт афзуд, ки ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон зимни рафтанаш ба нафақа миннатдории зиёд кард: "Айни ҳол ӯ дар нафақа аст, бигузор истироҳат кунад."

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, 4-уми феврал бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа баромада, ҷои худро ба Асадулло Зоиров додааст. Ҷаноби Зоиров то ин дам роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан будааст.

Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.
Мӯҳр
Атохуча
бисёр А.Хукумро таъриф карди неки як бор ба коментарияхои мардум нигар, як каси тасодуфи туро таъриф мекна ё не вазири бемаъни дар точикистон хдти ба фикрм. ха, ха, ха, ха, ха,

Як инсони бехуввият буд. Асло аз еч чиз сер намекард. Ама чиза барои худаш фикр мекард. Ягон хел хободи накардаст. Кораш факат маишату зангири буд. Хамин Расули БМВ-чи аш аз зани сеюми панчакантиаш аст.

Ардашер
Ин Зоироваш аз точикони Рашт бошат ё аз Ашт?

Хамун халабонхою Расулам як зебиш карда гуфта мегузаштед нур ало нур мешуд

Тахмина
Нав фахмидам ки ин бевахо аз шухошон гурехта зани дувум ва сеюми вазиро мешидастанд. Хами зани дуюми Чанобам ай панчакент боша.

расул
ин панчпкентихо факат зани дуюму сеюм мешудан да вой вой

тобиш
А.Хукумов чизе кард накард аз вазифа рафт, лекин Хайрулло А. нав ба вазифа омадааст ва ба фикрам аз колегтиви кормандони ин Вазорат хамашон бо омадани ин шахс дигар хуши кор карданро надоранд, чунки ин шахс на муомила дораду на акли пурра, шояд хонандагон фикр мекунанд, ки ба ман зараре аз ин шахс расидааст, чунин нест лекин барои фахмидани мардум бояд гуфт, ки ин шахс барои таъин намудан ба вазифаи Вазири ХАЙФ аст, инро гузашти вакт муайян мекунад.

тан
Хукумовро ана хамин шумохо падхалимхо " нагз гусел" карден пеш аз мухлати нафака. Боз сари киро хурданиед?

раис
Ин чаноби Тан кира дар назар дошта боша, хела хап кадим ки нашид максадата гап бзан.

осакол
хамин хукумовро часпидед кандата зан хукумов барои хизматот барои ин милати точик касе чихел мефахмад нафахмад холаи ягонташа зани хафтум гир ошат шава аз ухдаш мебарои аз худованд зора мекунем ,ки душманот таги по бошад

hukumov dar rohi ohani sugdu dushanbe fakat uzbakhoro memond ba vazifavu korhoi xurdham.charo?asozoda chi?

Аввало ассалому алейкум ба хамаи шумоён. Ба фикри ман аз хамин комментнависони миллатчи дида хамин Хукумов кори зиёдтаре намудааст. Чи фарк дорад ки занаш аз Панчакент аст ё аз чои дигар? Бовари дорам хамаи шумо ба гайр аз мардикори дигар коре аз дастатон намеояд.

[b]расул[
хова охиии, о да бебарки чи гапай да уча, хамаш ай хар тараф мехамбан!!

Таъриф куни накуни,номаш хамчун дузд дар таърих боки мемонад.

Хушкадам
Ин дар вакти раисиаш чомеаи моро ногувор кард ва ин Зоирови омадагишхам шогирди хамин аст ва ба нафъи мардум кор нахоханд кард.

И Амонуллора да гзари мо Амонлои калуш мегуфтанш. Ки ира ба и вазифаи баланд овардш? И бояд колхозчи шуда кор карда мегашт!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)