Вазири тандурустии Тоҷикистон дигар Салимов нест
Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, насаби худро ба Нусратулло Файзулло иваз кардааст. Дар ин бора вазорат бо пахши як иттилоия хабар дод.
Ба қавли манбаъ, ба хотири арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, дар доираи талаботи қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” маълумоти шиносномавии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло иваз карда шудааст.
Кормандони воломақоми давлатӣ баъд аз ҷаласаи васеи ҳукумат, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз истифодаи “ов” ва “ович” дар номгузории тоҷикистониён интиқод кард, ба тағйири насабашон пардохтанд. Қаблан аз тағйири насаб Қосими Раҳбар, вазири кишоварзӣ, Абдуфаттоҳ Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасод, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва Бахтиёр Худоёрзода, раиси дастгоҳи иҷроияи президент хабар доданд.
Дар мавриди номгузории миллӣ Шерхон Салимзода таъкид намуд, тибқи қонунгузории кишвар татбиқи пасвандҳои русии “ов”-у “ович” ва “ова”-ю “овна” манъ аст, аммо мутасаддиёни номгузорӣ ин муқарраротро сарфи назар мекунанд. “Аксаран бо мусоидати онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз пасвандҳои “ов” ва “ович” кор мебаранд”,-афзуд ӯ. Додситони кулли Тоҷикистон илова кард, номгузории шаҳрвандони кишвар бояд бо усули миллӣ сурат бигирад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |