Раҳмон дар ҳаққи қурбониён: “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми 12 феврал бо ирсоли як паём ба президент Абдулазиз Бутефлиқа ва мардуми Алҷазоир дар робита ба садамаи ҳавопаймо дар ин кишвар изҳори тасаллият кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷаноби Раҳмон дар паёмаш ба Бутелфиқа аз ҷумла гуфтааст, “бо камоли ҳузну андӯҳ хабари садамаи ҳавопаймои боркашони ҳарбиро, ки бар асари он мусофирони зиёди тайёра ҳалок гаштаанд, дарёфт намудам. Таъзия ва тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, халқи бародари Алҷазоир ва оилаҳои қурбоншудагон иброз намуда, дуо мекунам, ки Худованд кишвари Шуморо аз ҳар гуна офатҳо эмин нигоҳ дорад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.
Садамаи ҳавопаймои ҳарбӣ дар Алҷазоир рӯзи 11 феврал рух додааст, ки бар асари он тибқи иттилои ахир 76 тан низомӣ ва аҳли хонаводаашон фавтидаанд. Феълан хабар дода мешавад, ки дар ин садама танҳо як нафар зинда мондааст, ки бо ҷароҳатҳои вазнин бистарист.
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |