Бахшҳо
12 фев 2014 14:30Тоҷикистон / Сиёсат

Норозигии Зоиров аз КДАМ-у ВКД ва талаби ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, аз болои қонуншиканиҳои Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ ба Додситонии кулли кишвар шикоят мебарад. Зоиров ин ду ниҳодро дар бетаваҷҷуҳӣ ба муроҷиати шаҳрвандон оид ба қонуншиканиҳо айбдор мекунад.

Раиси ҲСДТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, инчунин, аз Додситонии кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Раёсати кофтукоби ҷиноиии шаҳри Душанберо дар робита ба ҳамлаи аввали занони исёнгар ба дафтари ҳизбаш талаб хоҳад кард. Ба гуфтаи Зоиров, ин ниҳод дар вайрон кардани Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оид ба муроҷиати шаҳрвандон муттаҳам мешавад: “Ҳарчанд бори дуюм аст, ки занони ношинос ба дафтари ҳизби мо ҳамла мекунанд, вале Шарифхонов, сардори Шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ беш аз як моҳ аст, ҳанӯз ба қазияи аввал расидагӣ накардааст.”

Ин дар ҳолест, ки ба қавли раиси ҲСДТ, сардори Шуъбаи кофтукоби ҷиноӣ мустақиман рӯзи 16 декабри соли гузашта дастур гирифтааст,то ба ин қазия расидагӣ кунад. Зоиров мегӯяд, ҳоло дар робита ба ҳамлаи дувуми занони исёнгар ба дафтари ҳизбаш ба ҷуз як муроҷиат ба ниҳодҳои интизомӣ кори дигаре накардааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, шахсияти чанд тан аз ин исёнгарон маълум шудааст, ки аз куҷоянду дар куҷо кор мекунанд.

Бори аввал, моҳи декабри соли гузашта, ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.

Ҳамлаи дувуми ин гуруҳ занон рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ дар назди дафтари ҲСДТ сурат гирифт. Агарчӣ дар дохили дафтари ҳизб касе набудаасту дари он баста, тазоҳургарон зидди раҳбари ҳизб шиор дода, гуфтаанд, раҳбрияти ҲСДТ дарҳоро баста пинҳонӣ машғули ҷаласаанд. Танҳо баъд аз кушодани дари қароргоҳ, ки дар дохилаш касе набудааст, қисме аз онҳо аз тазоҳурот даст кашидаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хамин занхои бемаъни кучоянд, ки мегуфтанд; МО ОРОМИИ КИШВАРРО МЕХОХЕМ. Чаро онхо дар казия ШИКАНЧА ДАР ЗИНДОНХО чунин пофишони намекунанд?
Маълумаст,ки онхо худ моли АМНИЯТУ ПУЛИСАНД.

Хушбахтчон
Ин кори хамон худи додситони гуфтагитон мебошад. Чи шмо гуфтаниед, ки вай ба руи худаш туф мекунад... Ин занхои гумрох, ки хукумат онхоро идора мекунад фикр мекунанд, ки обу ру пайдо мекунанд вале обуруи надоштагияшонхам мерезад. Ин тачрибаи давлатхои акибмонда аз чихати маърифатию маюнавию иктисоди мебошад, ки хукумати мо хуб инро омухтааст. Масалан ин корхо дар Казокистону Узбекистон бисёртар ба назар мерасад. Вале якчиро бояд фаромуш накард, ки ин давлатхо азруи хаминкорхояшон обу руяшон дар чомеаи байналмиллали паст аст! Мисоли одди аз бисёр нафарон мефахмем ки дар Узбакистон сатхи зиндаги паст аст. А дар Точикистон бошад аз хама маоши паст дар минтакаи СНГ аст ба ин нигох накарда сатхи коррупция аз хама баланд аст. Тамоми вазорату корхонахое, ки фаъолият мекунан бе пора корат буд намешавад. Инчунин соли 2010 сахмия ба мардум ба таври мачбури фурухтан вале то хол ягон гапе нест аз натичаи Рогун. Ман донишчуи яке аз донишгоххо будам ки се сахмия ба таври мачбури харидам бибиям 130 нафака мегириф се мох 30 сомонию як нафакаи мегирифт магар хамон анфака барои бибии ман ягон фоида дорад ки синнаш ба як чое расидаст. Бо хаминкадар фасодкориву харромхури боз шарм надошта Рахматулло Зоиров, ХНИТ ва дигаронро ба таври руирост тахдит мекунанд. Ягон муллои ахмак ягон кори бечо карда бошад тарики шабакаи аввал дах маротибахам такрор ба такрор пахш мешавад. Хукумати Рахмон фикр мекунад ки мардум беакл аст ба гапхои онхо бвар мекунад аммо ин хама тухматхо газаби мардумро меорад!!!! Эй Худо кай ба сари миллати хастаи ман осудагиро меоварда боши!!! Инхо факат шукронаи истиклолият мекунанд вале ман истиклолияти инхоро дар хамин фасодкорияшон мебинам магар давраи шурави хуб набуд ки хамма чиз кариб бепул буд. Албата ба дин тахдит мекардан вале то ин дарача тахдитхо набуд ку!!!

Кулобибача
Офарин Зоиров!!! Ту барои мардум шуда чони худро дар хатар гузоштаи вале бовари дорам ки камтари дигар харакат кунед ба ягон натичаи хуб ноил мегардед. Зоиров, ХНИТ, Ойнихол, Зайд ба пеш!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)