Марзбонҳои рус 3 ҳазору 215 тоҷикро бозпас фиристодаанд
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи иттилои тозае, ки аз мақомоти Русия дарёфт намудааст, тайи солҳои охир зиёда аз 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонунҳои Русия аз 3 то 5 сол ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.
Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, агар соли 2012 ҳамагӣ 351 ҳазору 940 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ дода бошанд, соли 2013 миқдори онҳо то 324 ҳазору 574 нафар камтар гардидааст: “Соли 2013 ҳамагӣ 968 нафар шаҳрванди кишварамон аз ҳудуди Русия берун карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012 се баробар камтар мебошад.”
Мақомоти тоҷик аз қавли сарҳадбонони рус меафзоянд, бозпас фиристодани муҳоҷирони тоҷик аз сарҳади Русия зиёд шудааст: “Аз гузаргоҳҳои сарҳадии Русия дар соли 2012 - 1659 нафар ва дар соли 2013 3215 шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудааст.”
Хадамоти муҳоҷират бо зикри ин омор аз шаҳрвандони кишвар даъват намудааст, ки пеш аз сафар ба Русия аз қонунҳои ин кишвар огоҳ шаванду онҳоро риоя кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |