Бахшҳо

Мамитов: “Тоҷикистон аз Хоҷаи Аъло то Ворух 10 км роҳ хост, ки рад кардем”

Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, гуфтааст, онҳо ба пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ҷудо кардани 10 километр роҳи мустақим аз Хоҷаи Аъло то Ворух посухи рад додаанд. Ӯ дар ин бора дар сӯҳбат бо нашрияи қирғизии “Фабула” изҳори назар кардааст.

Ноиби нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, “то замони бӯҳрон мо роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Хоҷаи Аълоро истифода мекардем ва ҳоло дар фикри боз кардани роҳи наве нестем. Онҳо метавонанд аз ин роҳи мо истифода кунанд, ба шарте ки ба сокинони маҳаллӣ халал нарасонанд. Дар ғайри сурат, роҳ баста хоҳад шуд.”

ТАМОМИ АХБОРИ МАРБУТ БА БАҲСИ БИШКЕКУ ДУШАНБЕ ДАР ИНҶОСТ

Тоқон Мамитов дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, ҳоло Тоҷикистон на ба масъалаи роҳ, балки бештар ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ таваҷҷуҳ дорад. Зеро, ба қавли муовини нахуствазири Қирғизистон, дар пайи баста шудани марз, Тоҷикистон миллионҳо зиён дидааст. “Мо ҷониби Душанберо огоҳ кардем, ки ҳоло гузаргоҳҳоро боз карданӣ нестем”,-афзудааст ӯ.

Вай илова кардааст, ки ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди берун кашидани нерӯҳои иловагияшон аз марз ба тавофуқ расида, инчунин, мувофиқа кардаанд, ки марзро якҷоя ҳимоя мекунанд. Мамитов дар бораи сохтмони роҳи баҳсбарангези Қирғизистон ҳам сӯҳбат карда, гуфтааст, онҳо сохтмонашро қатъ карданӣ нестанд. “Барои он ки ин роҳро мо дар замини худ месозем. Тоҷикон эътироз доранд, ки ин роҳ аз 7 сотих замини шаҳрванди кишварашон мегузарад. Вале ин замин ҳам баҳсбарангез аст. Мо аз тоҷикҳо тақозо дорем, ки Душанбе хисороти рӯзи 11 январро пардохта, ба нотаҳои фиристодаамон ҷавоб гӯяд”,-таъкид кардааст ӯ.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.

Задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар маҳалли Хоҷаи Аъло, ки дар пайи идомаи сохтмони роҳи баҳсбарангез рӯзи 11 январи соли ҷорӣ сурат гирифт, муносибати ду кишварро ба бӯҳрон рӯбарӯ кардааст. Дар пайи ин тирпаронӣ ҷонибҳо якдигарро муттаҳам карда, Бишкек сафирашро аз Душанбе фаро хонд ва то ҳол ба ҷои кораш нафиристодааст. То кунун чанд даври музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Суғду Бодканд ва Бишкек баргузор шуда, ҷонибҳо дар марвиди берун кашидани нерӯҳои иловагияшон аз марз тавофуқ кардаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Инро ки муовини сарвазир карда бошад. Хайр ягона рох чанг. Вакте ки онхо замини моро мегиранд бояд чи кор кард?

karim
Charo hukumat dar hol ba Kirgiziston savoli dar dohili marzi Tijikiston surat giriftani tirparoniro namepursad hatman in masalaro boyad guzosht dar nazdi Hukumati Kirgiziston guzorad va homushiro pesha nakunad

Спитамен
Мамитов хучаини нави точикхо шудааст. Ин одам ки хаст ки хукуматдорони мо вайро гуш карда истодаанд? Дар дохили заминамон даромада сархадбононро захми карданд, гузаргохо баста шудаги, блокадаи иктисоди ташкил кардаги як кори дигар мондааст гирифта бг................. Эй хукуматдорон хушомадгуи бас аст. шумо аз пулу молатон метарсед мо наметарсем барои мо пулу мол Ватанамон аст. Нангу номус даркор. Бо Мамитов бо забони худаш гап задан даркор. Чанг элон кунед мо шербачахои Сугди онаи киргиза нишон медихем. Гапзании киргиза бин вохима карда ба мо шарт гузошта истодааст.

saud
вой бар холи шумохон мансабдорони бе саводи тарсу и гапзанихои токона бина

Ин Токонкучук тамоман аз худ рафтааст.Ягон зарра аз окибати чунин рафторхояш фикр намекунад. Ба дахонаш кадом сухане ояд гуфтан мегирад,ягрн хел дипломатия нест ва хаминро бояд фахмад, ки охири охирон у масъаларо хал карда наметавонад.Барои хал намудани масъалаи сархад шахсони солим лозиманд, Токон Мамитов шахси бемор аст ва рохбарияти Киргизистон набояд уро ба ин масъалахои нозук чалб намояд.

Точик
Мо хама вакт барои хифзи Ватан таёрем. Гапзании ин Такона бину. Сад хайфи мо, ки Киргизам гап мон зад. Ино хой хуй мекунанд лекин аз чанг усу беста аз пашша метарсанд.

мард
Киргиз гапа намефахмад рузи 11- январ онхоро бо хуби гуфтанд ки рохро насозед вале онхо чи кор карданд ба хама маьлум. Одаме ки гапро нафахмид бовай дигар хел рафтор мекуни яне дар чояш мешинони бо зури. хукуматдоро натарсен мо хак астем ва галаба мекунем. Зорию тавало накунед пеши киргизда ки моро шарманда мекунед. Ин Мамитов гуфтушунид не разбор ташкил кардааст ва бо забони чинояткори гап зада истодааст. Чанг мехохад ба вай чангро нишон додан даркор мо тачрибаи хуб дорем.

шухрат
хахаха токончик хута ба девонаги назан каме рохбариятро ба мардуми мастчох дихед ё ба зури халаш мекнем ё хуби

салом
хушомад гуфтан даркор нест, зада гирифтан даркор!

Довар
Мегуянд, ки то бад нагуи нек намеояд. Албатта, рохи хуб барои харду тараф музокира ва гузашткарданхои дучониба аст. Вале чун тарафи киргизхо ва хусусан Мамитов ба тахдид гузашта истодааст, мо хам баробари музокира ба онхо монанди худашон чавоб дихем ва хеч натарсем. Он заминхо мувофики харитаи соли 1925 аз они мо будааст ва барои хамин онро бояд талаб кунем. Киргизхо бояд донанд, ки мо дар ин мочарохо танхо нестем ва дар паси мо 40 -45 миллион точикони чахон хастанд ва онхо моро дар лахзахои душвор танхо намегузоранд. Агар ба сарамон душвори ояд, махсусан хаммилатони афгонистониамон хамон лахза хоханд омад. Тавре ки солхои пеш, хангоме ки дар Афгонистон Толибон пайдо шуданду онхо ба мукобили сарбозони Ахмадшох Масъуди номдор чанг мекарданд, дар он вакти душвор точикони мо ба онхо ёри расониданд ва ба мукобили душман-- Толибон чангиданд. Яъне мо тачрибаи ёри ба хамдигар дорем ва махсусан мучохидони мо ва сарбозони точики афгонистони тарчрибаи бузурги чанги доранд ва онхо хар гуна даханкалонхоро ба чояшон мешинонанд. Барои хамин дипломатхои мо ин нуктахоро хам ба хисоб гиранд ва ба хар гуна тахдидхои киргизхо чавоби дурусти дандоншикан диханд.

injikboi
ин мардака аз лабу лунчи овезонаш маълум ки дар кадом соха пахлавон аст. пахлавони сари дег

мансабдорони мо , ки суст омада, роҳи худро ба қирғизҳо доданд ва акнун аз онҳо замин мепурсанд, чавоби муносибашонро гирифтанд.
1: 0 ба оидаи мамитов !

Хучанди
Як фикр кунед бародарон. Ба гуфти мамитов хукумати мо танхо дар фикри гузаргоххо будааст. Яъне чи , бизнеси Точирон мурд ва хама талоши чониби Тч барои Оилаи Чаноб? Яъне на парвои анклаву на парвои роху хоки мо? Наход хамин хел бошад? Чаро ин давлатдорони мо ин кадар тарсу? Паст наоед! Куввахои мусаллахро омода карда дар байни мардум таргиботи химояи Ватан баред. Киргизстонро душман нишон дихед ба мардум. Алакай маълум аст ки бо киргизхо ин кори ба хуби хал мешудаги нест. Ягона рох бо бади. Дигар илоч нест. Ман аз Сугдам. Ин хама иштибоху нофахмихои марз бо айби давлатдорони собики ленинободи аст медонам. Вале бовари дорам давлатмардони бохуну баорияти кулоби паст наомада ин масъалаи Ворухро ба фоидаи Точикистон хал хоханд кард!

saodat
10 хазор километри квадрати ба Хитой тухфа карданд акнун чанд километр ба Киргизистон мефурухта бошанд??

И киргизо вохима мекнанд о хами ята боевика овозаша шунидан ки да Исфара хай Шох Искандар тар кадан бо дахони калон кати гап мезананд. Ма 100 дар 100 гарантия метиюм яке байни хами точику киргиз ё узбак чанга шава хами боевикои давраи чанги шахрвандира овозашони шунида автомата партофта мегрезан охи и хамсояхои мо чанга надидиянду вохимаги доранд . Овози Шох Искандар шунида хамаш да ларза дромадан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)