Қирғизистон аз боздошти як мақомдори тоҷик хабар дод
Хадамоти давлатии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон бо пахши як иттилоия мегӯяд, тайи соли 2013-ум 10 ҳолатро ошкор кардааст, ки кормандони мақомоти давлатӣ ба нашъаҷаллобӣ даст задаанд ё аз он ҳимоят намудаанд.
Бар пояи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, аз рӯи ин ҳолатҳо 12 корманди мақомоти давлатӣ боздошт шудаанд, ки миёнашон як мақомдори тоҷик низ будааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз боздоштшудагон корманди Вазорати адлияи Тоҷикистон мебошад. Вале аз ӯ ном бурда нашудааст.
Мақомоти Қирғизистон таъкид мекунанд, ки барои камбудҳо дар назорати гардиши маводи мухаддир дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистон, раҳбари раёсати назорати маводи мухаддир дар ин вилоят аз вазифа барканор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |