Бахшҳо

Ҳимояти президент аз даъвои зиёиён алайҳи Олга Тутубалина

Гуруҳе аз зиёиёни тоҷик рӯзи 11 феврал ҳангоми баррасии даъвояшон алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи русизабони “Азия-Плюс”, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷҷатеро пешниҳод кардаанд, ки дар он Фарҳод Раҳимов, президенти тозаинтихоби Академияи улум, низ аз ин даъво ҳимоят кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дода, афзуд, “умед доштем, бо омадани президенти нав, ки шахси модерн арзёбӣ мешуд, ин даъво умуман бартараф мегардад, аммо чунин нашуд”. Иноятов, инчунин, илова кард, дар мурофиаи рӯзи 11 феврал ташхисгарони лингвистикии матлаби Тутубалина мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, дар ҷараёни мурофиа муайян шудааст, ки аз се ташхисгари матлаби Тутубалина ихтисоси ду нафарашон ба забони русӣ ҳеч рабте надорад.

“Ин дар ҳолест, ки матлаби Олга Тутубалина бо забони русӣ навишта шудаасту ташхисгарони Кумитаи забон ва истилоҳот хулоса додаанд, ки дар он таҳқир нисбат ба қишри зиёӣ ҷой дорад”,-афзуд ӯ. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҷониби ҳимоя додрас баромади ниҳоии тарафҳоро рӯзи 13 феврал муайян кардааст. Агарчӣ, ба гуфтаи ҳимоятгарон, онҳо аз додрас хоста буданд, баромадҳои ниҳоиро ба муҳлати дертар гузорад, вале додрас ин дархостро қабул накард.

Ёдрас мекунем, даъвогари асосӣ Иттиҳодияи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.

Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
зиёи
бо эзори тар даъвои поки кардан, шеваи гумрохон аст на зиёиён...

Мухочир
Аслан ленин зиёиёнро бо бисёр номхои дигар низ мегуфт. Масалан "проститутки" - пас ленинро низ ба суд диханд, то аз хисоби даромадаш камтар ба Тутубалина мадор шавад. Дар хаки Бозор бошад магзи суханрор гуфтатсту рафтасте...

Ачоибот
Эй мардуми хуб. Баёни озодонаи фикру мулохиза дигар асту тахкир дигар аст. Тутубалина точиконро тахкир кард ва у ин хукукрро надошт. Ин чумлае, ки у бо иктибос аз Ленин овардааст дар алохидаги набуд ва Ленин на хамаро чунин ном бурд, аммо ин зан тамоми зиёиёнро гуфт. Баъди ба додгох мурочиат кардан у дархол навиштааст, ки хамаро дар назар надошт. Бояд дар он матлаб менавишт, ки киро дар назар дошт. Агар ман гуям, ки фалони гуфт, ки Тутубалина фохиша аст ин дуруст кабул карда мешавад? хамчуни ироаи фикри озодона кабул карда мешавад? На. Озодии у то чоест, ки озодии дигарон шуруъ мешаванд. Набояд инро фаромуш кунеду ба озодии дигарон ворид шавед. Тутубалина худ начосат аст!

Ленинчи
Ачоибот,Ачаб, ин чо мардум чи дахл доранд? У интеллигентсияи имрузаи точикро гуфтааст ва дар бисёр мавридхо хак хам хаст. Вай нагуфтааст, ки хамаи зиёиён, балки кисмати умдаи онхо. Ана хамон кисмати умда ба додгох мурочиат намудаасту халос. Интеллигенцияи дигар ба кори худ машгул аст:дар мактаб дарс медихад, дар идора кор мекунад, дар сохтмон рохбари мекунад ва гайра. Олга бехтарин рохи чудо кардани начосатро ётааст ва ин "начосат" худаш худро фош кард...

Бовар кунед, хеч кор карда наметавонед. Чаро? Барои он ки Олга РУС аст. Ин бори ШУМО ЧАНОБОНИ ИНТЕЛИГЕНСИ Заид Саиду Ёкуб Салим нест,ки бурда ТЕХМАТСУД кунед. Уро РУСИЯ химоя мекунад. Аз дастатон хеч намеояд, ЧАНОБОНИ ИНТЕЛЕГЕНСИЯ. Тамом ЯК ЧАХОН ТАШАКУР.

Мебахшед, кадом кумита? КУМИТАИ ЗАБОН ГУФТЕД? Хамон кумитае, ки ПИТЗАИСТАН-ро ихтироб кард? Хамон?

Илхом
Иноят Иноятов: "президенти нав дар АИ, ки шахси модерн арзёбӣ мешуд".. Мухтарам Иноятов, э не ки хандонди мардума

корчу
Тутубалина ана хамин тоифаи лаганбардору хушомадгуро гавно нации гуфтааст ки рост аст. Ман зиеи хастам аз ин гапи вай парво надорам чун ки ба халку Ватанам хиенат накардаам. Шарм надошта шагол барин ба як зан часпидаед, кани нангу номуси точики , охир хамин зан ба чои шумо камбудихои чомеаро гап зада истодааст. Муред зиеи нашуда. Искадар дар боло дуруст гуфтааст ки ин точик нест ки говсудаш кунед. Казияи летчикхои русро фаромуш накунед ки онхоро 13 сол суд карда буданду баьди гурроси Россия бо ду дасти адаб озод карда гусел карданд.

Инсон
На ба зиёиёнаш эътимод асту на ба Тутбаблина. Хамаашон дар фикри худ хастанд. Кисми аввал барои ба боварии чаноб даромадан кор мекунанду он зан барои хочагони русаш. Аз хамааш безорем.

Академияи илмхо
Химоя кардани Президенти тозатаъини АИ аз даъвои "зиёиён" бар асоси вазифааш хаст. Аксари кулии ходимони илмии АИ, гарчи камчасоратанд ва дастнигари мохонаи ночизи давлат буда, аз тарси он ки аз корашон ронда мешаванд назарашонро озодона баён кардан наметавонанд Олга Тутубалинаро тарафдоранд ва бар онанд, ки дар каломи ин рузноманигоридилсузу часур хакикати вокеи дар бораи "зиёи" гуфта шудааст. Аксари "зиёихои Точикистон" шартан зиёиянд, яъне дар даруни нохунак.

Беном
Хаха ха ха !!!
Э некем чонта садка братан!
Чони гапа гуфти да.

Сайф
"Озодагон" , лекин аз хами вохимакуни намонди-да, намонди!! "Химояи Президент" - гуфта......))))

Сарфароз
Ман сад дар сад ба гуфтахои ТУТУБАЛИНА хамовозам чун дар хакикат зиеиени мо умуман магзи миллат шуда наметавонанд аз он лихоз ки доимо хомушанд хамрадифи мардум нестанд баройи бехбуди зиндагии мардум талош намекунанд онхо ода кардаанд як сол якбор бо президент вомехуранд ба у кафкуби мпекунанд ва пас уро тавсиф доранд. Он шахсро зиеи бояд гуфт ки бо хукумат ракобат кунад камбудихои хукумау давлатро румрост фош кунад баройи бехбуди миллату давлат арзу талош кунад аз мо чи хама хомуш хама дар таърифу тавсифи хукумат холо ебинед рузи вохури бо президен хамааш ба дахони президент нигох мекунаду дигар хечонхо агар зиеийи дисузи миллат бошанд бояд иллатхойи чомеаро руйирост ба през идент раонад барои чи пеши рохи фасод гирфта нашуд рогун чи шуд пули мардум чи шуд барк чи шуд ва гайраву ва хоказохои дигар.....

Хакикатгуй
Ин журанлист агар фаросат медошт зиеиёенро на хамчун зиеи бояд хамчун инсон эхтиром мекард хар хел хам набошанд зиеиен инсонанд ва онхоро Худо халк кардааст магар ба Тутубулина ки ичоза додааст ки офаридаи Аллохро начосат гуяд боз дар такя ба акидаи Ленини аттеисти яхуди. Шумо фанатикхо ки худатонро душмани зиеиен мехисобеду Тутубулинаро тарафдори доред донед ки назди у шуморо хам начосате беш намехисобад.

Ин зиёиёни точик чаро аз Тутубалина ранчида бошанд, дар мавриде ки бояд шукргузори кунанд ки аккалан баробари начосат арзиш доштаанд.Зеро ман дируз як мошин начосати гову бузро ба 1000 сомони барои заминхоям харидам. Агар 100 то зиёиро биёранд хам ба мани дехкон ба 1 сомони хам арзиш надорад, махсусан зиёиёни точик.

Tutabalina - boyad layoqati zhurnalsitiro ba foidavu rushdi jomeya ravona mekard, na ba shuru ghavgo! in kas porchaye az fikri dohii proletariat girifta, tamomi kormandoni ilmro mekhohad ta'na zanad. yak maqolaye nest az Tutabalina, ki az presidenti tainshudai tojikiston fikr bayon kunad - baroi chi? medonad, ki in kas uro pora-pora mekunad. ba korgaroni ilm talosh kardan - in beaqlist, na ziyod az in!

agar I dukhtar modasher khudro taroshidan khohad, bo sukahnash mardumro muttahid kunad, na akhlot partoi bo dahon!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)