Ислом Каримов дар Сочи аз тими кишвараш истиқбол накард?
Наворҳои видеоӣ аз ҷараёни ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи, ки шоми 7 феврал баргузор шуд, ин суолро халқ кардааст, ки оё Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ҳангоми аз майдон гузаштани тими кишвараш бархоста онҳоро истиқбол кард ё на?
Торнамои uznews.net ба ҳамин мавзӯъ пардохтаву дар матлабе навиштааст, ки бештари шарҳнависон дар интернет аз он ки Ислом Каримов ҷониби варзишгарон дастафшонӣ накард, дар тааҷуб афтодаанд.
“Коргардонҳо дар чунин чорабиниҳо вақте ягон ҳолати аҷиб мешавад, маъмулан дурбинҳои телевизионро ба он тараф мегардонанд, аммо шояд вақте тими Узбакистон аз майдон мегузашт, дар минтақае, ки Каримов менишаст ҳеч амале ба вуқуъ напайваст ва кадри кирои сабте набуд”,-навиштааст манбаъ.
Аммо менависад, -uznews.net- тамошобинон диданд, ки президентҳои Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тимҳои кишвари худро истиқбол мекунанд: “Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бошад, бо ифтихори зиёд варзишгаронашро истиқбол намуду райисҷумҳури Украина Виктор Янукович байрақи кишварашро меафшонд”.
“Бо вуҷуд камераҳои телевизион дар чорабиниҳои бахшида ба ифтитоҳи олимпиада Каримовро нишон доданд. Ҳар вақт, ки ӯ дар дурбин меафтид, дида мешуд, ки бо марди бо айнакҳои калон дар паҳлуяш нишаста гарм суҳбат дорад. Uznews.net натавонист ин нафарро шиносоӣ кунад”,-навиштааст торнамо.
Ташпулод Юлдошев, сиёсатшиноси узбаки муқими Амрико ба торнамо гуфтааст, “дар гумон аст, ки Каримов бо кадом як мансабдори узбак чунин гуфтугуи дурудороз намояд”.
“Бори дигар Каримов дар дурбини телевизион замоне афтид, ки дар зиёфати ба хотири олимпиада додаи президенти Русия Владимир Путин ҳузур дошт. Ӯ дар мизе ҳамроҳ бо президентҳои Украина Виктор Янукович ва Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов менишаст ва ғамангез, солманд ва хаста менамуд”,-навиштааст манбаъ.
Узбакистонро дар Олимпиадаи Сочи се варзишгар- Ксения Григорева, Артем Воронов ва Миша Гё намояндагӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |