Баъд аз зӯҳри дирӯз шахси силоҳдор вориди бинои вазорати мудофиаи Эстония гардида, тирпарронӣ кардааст.
Тибқи иттиллои «Росбалт» ин мард пас аз оташкушоии кӯтоҳ ду нафарро гаравгон гирифта, баъдан худро ба қатл расонидааст. Полиси Эстония эълом кардааст, ки барои расидагӣ ба "ҳодисае, ки дар он аз аслиҳа истифода шудааст" гурӯҳеро ба вазорати дифоъ барои таҳқиқи қазия мефиристад. Дар ҳамин ҳол хабар расида, ки зимни вуқӯи ин ҳодиса вазири мудофиаи ин кишвар Морт Лорр дар вазорат набуда, дар ҳузури президент қарор доштааст. Айни ҳол дар мавриди талафоти ҷонӣ иттилое рӯи даст нест.{jathumbnail off}
Мӯҳр