Бахшҳо
11 фев 2014 17:14Тоҷикистон / Сиёсат

Номаи аъзои гуруҳи “Забони порсӣ” ба Гавҳар Шарофзода

Беш аз 80 узви гуруҳи “Забони порсӣ” дар Фейсбук бо навиштани номае ба Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, аз тасмими ахири ӯ дар бораи тағйири номи баъзе фурӯшгоҳу тарабхона ва қаҳвахонаҳо, бахусус “Pizza” ба “Питзо”, истиқбол кардаанд. Инчунин, дар ин нома изҳороти Шарофзода, ки гуфт, ҳазфи пасвандҳои русӣ аз насаб “рисолати ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст”, фоли нек дониста шудааст.

Ин дар ҳолест, ки табдили “Pizza” ба “Питзо” боиси баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, ҳоло гуруҳе низ бо номи “Питзостан” ташкил ёфтааст. "Шуморе ҳам ба тағйири овонигории вожаҳое чун “питзо” (pizza) эътироз кардаанд, ки ҳамаи онҳо, бидуни истисно, аз қоидаҳои овонигорӣ ва таронависӣ дар забонҳои мухталиф, бавежа забони мо, огоҳ нестанд ва ба тарзи навишту талаффузи русии вожагон, ки бо рӯҳи забони порсӣ ҳамхонӣ надорад, пойбандии шигарфе доранд. Тасмими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди “питзо” ва мавориди мушобеҳ комилан ҳирфаӣ буда ва шоёни дастгирист",-навиштаанд номанависон.

Матни номаи аъзои гуруҳи “Забони порсӣ” ба Гавҳар Шарофзода, ки то ҳоло зераш беш аз 80 нафар имзо гузоштаанд:

"Бону Гавҳар Шарофзодаи арҷманд,

Ин номаро ба чанд далел менависем. Нахуст, интисоби Шумо ба мақоми раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро – ҳарчанд бо деркард – шодбош мегӯем. Сипас, тағйири номи хонаводагии Шумо ва тазаккуратон дар мавриди “рисолати миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон”-ро ба фоли нек мегирем. Ва саранҷом, аз нахустин иқдомоти Шумо дар симати раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тамҷид мекунем ва дуродур дасти азизи Шуморо мефишорем.

Забони порсӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои истеъмори Шӯравӣ ва бесарусомонии пасошӯравӣ ба андозае бепаноҳ мондааст, ки тармими он заҳмати фаровоне мехоҳад. Аммо аз нахустин гомҳои Шумо пайдост, суккондори сазовори ин киштӣ ҳастед ва сояи балоро аз сари забони Рӯдакӣ дар сарзамини Рӯдакӣ батадриҷ дур хоҳед кард. Дар ин росто аз мо ҳар кумаке сохта аст, дар хидматем ва беандоза сарафрозу сипосгузор хоҳем буд, агар аз андӯхтаҳои гурӯҳи фейсбукии “Забони порсӣ” (яке аз бузургтарин гурӯҳҳои тоҷикистонӣ) дар сурати зарурат баҳра бигиред. Ҳарчанд мутмаиннем, ки бидуни кумаки мо ҳам аз бизоъати кофию вофӣ бархурдоред.

Ҳосили солҳои парешонӣ наслҳои парешонанд, ки илзоман аҳаммият ва зарурати иқдомҳои Шуморо дарнамеёбанд. Бархе ҳатто мепурсанд: “Ислоҳи забон ба кӣ даркор, вақте ки барқ надорем?!”, ғофил аз ин ки тармими хутути барқ аз вазифаҳои Кумитаи забон ва истилоҳот нест ва ҳамоно тармими забон аст, ки дар ҳитаи коркардҳои ин ниҳод мегунҷад. Шуморе ҳам ба тағйири овонигории вожаҳое чун “питзо” (pizza) эътироз кардаанд, ки ҳамаи онҳо, бидуни истисно, аз қоъидаҳои овонигорӣ ва таронависӣ дар забонҳои мухталиф, бавежа забони мо, огоҳ нестанд ва ба тарзи навишту талаффузи русии вожагон, ки бо рӯҳи забони порсӣ ҳамхонӣ надорад, пойбандии шигарфе доранд. Пас дидгоҳи ононро низ наметавон бар кафаи тарозуи арзёбиҳои ҳирфаӣ гузошт. Тасмими Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди “питзо” ва мавориди мушобеҳ комилан ҳирфаӣ буда ва шоёни дастгирист.

Ҳадафи мо аз навиштани ин нома эъломи ҳимоят аз шахси Шумо ба унвони раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва нахустин иқдомотест, ки дар ин симат анҷом додаед. Бидонед, ки қишри азиме аз мардуми порсизабони таҳсилкардаи Тоҷикистон бо Шумост ва побапои Шумо ин роҳро хоҳад паймуд, то забони порсӣ дар хостгоҳи худ бар ҷойгоҳи муносибаш қарор бигирад.

Зимнан, мо, имзокунандагони ин нома, муътақидем, ки дабираи кунунии забони мо дарбеҳпазир нест ва танҳо роҳи чора гузор ба дабираи модарии тоҷикон, хатти порсӣ аст. Мусалламан, медонем, ки дар ин роҳ монеъҳои бисёре вуҷуд дорад, аммо мутмаиннем, ки мавонеъро бо дироят ва тафҳими зарурати гузор ба хатти порсӣ барои наҷоти ин забон мешавад пушти сар гузошт. Дар ин замина ҳам, агар ҳар хидмате аз мо бармеояд, дареғ нахоҳем дошт.

Боқӣ саъодату комгории Шумо дар ин мақоми муҳимму ҳаётиро хосторем."


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Darvesh, ba 80 nafar
Shumo 80 nafar, kadome az Shumo muhojir ast ???????

ЗЗЗ
Дустон, чонибдори аз Питзо нест, чонибдори аз забони модариамон аст. Камтар инсоф бояд кард.

точик
Мебахшед аввал забони порсиро ба мардум омузонед бад ин корхоятонро кунед. 80 нафаре ки менависанд ин 8 милион ахоли нест. Точикистон мамлакати демократии сохибистиклол аст. Гайр аз мо точикон инчо миллатхои зиеде зиндаги ва кор мекунанд. Фикри онхоро хам кунед. Номи Майклро магар Махмадали гуфтан мумкин аст е компютерро компютор. Рости гап забонро се чор забондон чунон вазнин кардаанд ки ман онро нагз намефахмам. Аксариятро ба инобат гиред на 70 е 80 нафаро.

Мухочир
Darvesh, ba 80 nafar,
Ман мухочир. "Ну и что" - Баъд чи. Аслан одаме, ки бо забони модари хуб харф задан наметавонад - забони дигариро асло омухта наметавонад...

Мухочир
Ман хам зери номат онхо имзо менамоям.

Оё ин 80 нафар дар сохторхои хукумати кор намекунанд? Барои "дастгирии" руяки ва сохтаи худ шарм намедоред! Давлати демократи ва хукукбунёд барои кист? Барои он мансабдоре, ки имруз хостааст номи худро иваз намояд ва дар Точикистон зиндаги кунад. Шахрвандони дигари точик бояд чи кор кунанд?

расул
ин 80 нафаро ба фикрам боре хам депорт накардаанд!?

Як ҷумла барои дарёфти хатогии имло ба Гавҳар Шарофзода.
Муҳтарама чи тавр ба малакаҳои мадании порагирииаш зина ба зина ба мансабҳои дилхоҳаш расид!

Pitzopaz
Ас иваз кардани номи Пицца ба Пиззо маззаи он тагйир намеебад, саратона гаранг накунед

Бародарон фаромуш кардаанд, ки точикон таърихан дузабонаанд. Дар пахлуи забони модари, хатман ягон забони дигарро медонанд. Имрузхо аксарият бо забони руси хам гап мезананд. Самимона бигуед, ки ин "питзо" кадом калимаро ба ёдатон меорад? Хамон питса, ки ба талаффузи забони асл наздиктар аст, бехтар набуд? Албатта, нависандагони нома нияти нек доштанд. Аммо бехтар мебуд, агар онхо ба чои калимахои нофахмои араби, дар номаашон вожахои вокеан "порси" (ё точики)-ро истифода мебурданд.

Мухочир
Darvesh, ba 80 nafar,
Дарвеш, бародар, ман мухочир хастам ва бовар кун аз он ки вомилат бо ову -вич тамом мешавад туро зиёдтар дуст нахоханд дошт...

Салом бародари азиз-"Патриот". Бо чумлаи дуввуми Шумо - "Муҳтарама чи тавр ба малакаҳои мадании порагирииаш зина ба зина ба мансабҳои дилхоҳаш расид!" рози шуда наметавонам. Зеро ду соле, ки аз чониби яке аз вазоратхои бонуфузи кишвар дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон(холо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон), ки рохбарии онро Гавхар Шарофзода ба ухда доштанд, банда тахсил намудам ва аз ин чихат, мумкин аст, нисбат ба Шумо муаллимаро ман хубтар шиносам. Чи хеле ки мегуянд, "Хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад" ва Шумо хамчун шахрванд инро бояд дарк намоед. Гурури милли ва дарки маъние, ки Гавхар Шарофзода доранд, на хар кас дорад. Вакте як корманди одди барои ободии кишвар чахд менамояд, мо бояд дастгири намоем, акидахои худро перомуни хамон мавзуъ баён намоем, на аз мавзуъ берун баромада, тутхури кунем...
Хол он ки ба ин икдоми хуб-покизагии забон рохбари аввали Кумитаи забон ва истилохот кушиш намуда истодаанд, набояд инро нодида гирифт ва ин талаботи конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон аст.

точик
Ба Миршароб Носиров! Бародар ободии кишвар ин питсаро питзо кардану , Чамолро Джамол кардан нест. Мебахшед ин корхоро имитация мегуянд яьне ки бубинед мо бекор нанишастаем. Амрикоихо на забон доранду на миллатанд вале омада ба шумоен дарси этикаю эстетика медиханд, грандхою карз ва ерии башардустона равон мекунанд. Онхо хурокхои моро ошро ош мегуянду кабобро кабоб. Дар Россия ба якуним миллион точики мардикор курсхои талими забони руси медиханд, фарзандхояшон дар мактаби руси мехонанд. Пушкину, Лермонтовро аз Рудакию Айни дида хубтар мешиносанд. Шумо бошед аз кафои ду сохибкори камбагал гаштед ки сарлавхаи магозаро точики кунед. TALCO - ро чи тарчума мекарда бошед?

Салом, бародари азиз- "Патриот". Ба фикрам, бахси мо бинобар самими буданаш (агар Шумо низ чонибдори ин бошед), ба ягон натичаи назаррас хохад расид.
1. Ободии кишвар аз номгузори низ вобастагии ногусастани дорад: Шумо худро "Патриот" ном кардед ва аз ин киёс кунед.
2. Имитация дар лугат бо 3 маъни омадааст: 1.тақлид кардан, 2.калбакй ва 3. такрор.
Хуб, рохбари Кумитаи мазкур ба ки 1. таклид карда истодааст, 2. ислохи номгузори магар кори калбакист ва 3. такрори ягон макомот ё давлати дигар аст?
Хар рохбар вобаста ба самти фаъолияти худ тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон амал мекунад ва масъулиятшинос аст.
"Амрикоихо на забон доранду на миллатанд вале омада ба шумоен дарси этикаю эстетика медиханд"- ин суханони Шумо. Ба мо омада дарс медиханду ва хоказо... Ва агар точик бошеду точикистони пас Шумо дар кучо? Худро дар канор нагиред, шояд бародару хешовандонатон ин чо хузур доранду ба омузиши ягон забон машгуланд.
Шахсан ба ман на этикаи ачнабиён лозим асту на гранти онхо... Забони русиро дар мактаби миёна аз муаллими точик ва забони англисиро дар шахри Душанбе аз муаллимаи точик омухтам...
Дар мавриди Россия: Хар давлат тибки сарконунаш талаботхои худро дорад ва ин талаботхоро мо бояд хатман риоя кунем. Омузонидани забони милли новобаста аз минтака ягон бади надорад. Махсусан забони руси, ки барои хар як мухочир донистани он зарур аст. (Ман низ мухочир будам ва аз рузгори ин мардум бархурдор хастам.)
Масаъалаи "Ду сохибкори камбагал": Имруз номгузории магозаи "ду сохибкори камбагал"-ро иваз карданд, рузе мерасад, ки номгузории магозахои дигаронро низ новобаста аз шароити ичтимои иваз кунанд. "Доимо яксон набошад чархи гардон, гам махур"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)