Марги ду шикорчӣ дар пайи тармафароӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ
Ду сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари тармафароӣ ба ҳалокат расидаанд. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, ин 2 нафар дар яке аз маҳалҳои Сари-Испуни ҷамоати Палдораки ноҳияи мазкур барои шикор раҳсипор шуда буданд.
“Дар натиҷаи тармафароӣ онҳо дар зери тӯдаи барфи калон монда, ҳалок гардидаанд, ки пас аз як ҳафтаи ин воқеа ҷасади онро масъулин пайдо намудаанд”,-меафзояд манбаъ. Дар зимн, сарчашмаи хабар қайд намуд, соли 2013 дар пайи ҳолатҳои фавқулода 5 сокини вилоят ҷон бохтаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |