Вокуниши қирғизҳо ба "ваъда"-и Алимардонов ба ворухиён
Ваъдаи Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба сокинони Ворух эътирози бархе аз вакилони қирғизро ба бор овардааст. Қаблан расонаҳо навиштанд, ки муовини сарвазири тоҷик дар суҳбати охири худ бо сокинони ин минтақаи кишвар гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон барои аз ҳолати анклав берун кардани Ворух тамоми талоши худро хоҳад кард.
Омурбек Абдураҳмонов, вакили парлумони Қирғизистон, мегӯяд, аз он дар тааҷҷуб аст, ки Алимардонов бо ин изҳороти худ чӣ гуфтан мехосту ва чӣ гуна ин минтақаро аз анклав берун мекунад. Ӯ дар суҳбат бо расонаи “Вести.kg” гуфтааст, ин изҳороти муовини сарвазири тоҷик дар ҳолест, ки гӯиё кишвараш ҳаргиз қасди азхудкунии ин қаламрави Тоҷикистонро надорад.
Ба гуфтаи ӯ, дар низоъҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон муовинони сарвазири ду кишвар гунаҳкори аслӣ дониста мешаванд: “Агар аз як тараф ингуна изҳороти Алимардонов сабаб шуда бошад, аз сӯи дигар маҳз ҳамин дастури Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон барои идомаи сохтмони роҳи алтернативӣ дар қаламрави марзи аломатгузорӣ нашуда вазъиятро то ба ин ҳад расонидааст.”
Дар ҳамин ҳол, Тоқтогул Какчекеев, собиқ корманди аршади Вазорати дифои Қирғизистон, гуфтааст, “моро бародари хурдии тоҷикон мегӯянд, вале ба фикри ман баъд аз мулоқоти Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон бо ҳамтои русаш – Владимир Путин дар Сочӣ мо низ гуфта метавонем, ки бародарҳои дигар ҳам дорем.” “Аз ин рӯ, агар Тоҷикистон низ воқеан мехоҳад, ба баҳсҳои марзии худ бо ҳамсояҳояш нуқта гузорад, бояд аз роҳи мусолиматомез кор гирад”,-афзудааст собиқ корманди аршади Вазорати дифои Қирғизистон.
Қаблан, як манбаи огоҳ ба “Озодагон” гуфта буд, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29 январи соли ҷорӣ дар Исфара сурат гирифт, ҷониби Душанбе аз Бишкек хостааст, аз маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара то Ворухи ин ноҳия роҳи мустақим бидиҳад. Дар сурати ризоияти Бишкек, гуфта буд мусоҳиби мо, Ворух аз ҳолати ҷазирақаламравӣ раҳо шуда, вобастагии Исфара аз Қирғизистон коҳиш хоҳад ёфт.
Аммо Тоқон Мамитов, ноиби нахуствазири Қирғизистон, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, "ҷониби Тоҷикистон ягон 15 сол боз масъалаи ба боқӣ қаламрави ин кишвар пайвастани ҷазирақаламрави Ворухро дар миён мегузорад, вале дар ин авохир кадом пешниҳоде дар ин бора аз тарафи Душанбе нашудааст." Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |