Бахшҳо
11 фев 2014 11:59Тоҷикистон / Сиёсат

Лора Так дар бораи анҷоми ташхиси Роғун, зиддияти Амрико ва CASA-1000

Лора Так, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, ташхиси фаннию иқтисодии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то миёнаҳои соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. Ӯ ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии кӯтоҳи худ дар Душанбе баён дошт.

Ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврпуою Осиёи Марказӣ изҳори умед кард, ки натиҷаи ин ташхис ба ҳамаи суолҳои марбут ба “Роғун” посухи қонеъкунанда хоҳад дод. “Пас аз ин, барои қабули қарорҳои минбаъда дар мавриди ин лоиҳа шароит фароҳам хоҳад шуд”,-афзуд ӯ. Лора Так аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои гузарондани ташхиси байналмилалии Роғун истиқбол карда, изҳор дошт, ки Душанбе тамоми шароитро барои шаффофу озод гузарондани таҳқиқ муҳайё кардааст. Вай, инчунин, пуштибонияшонро аз лоиҳаи хатти интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ, яъне CASA-1000, низ баён дошта, изҳори умед кард, ки баҳори соли равон санади сармоягузории ин лоиҳа аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба тасвиб мерасад.

Ин масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди иқдоми ахири Амрико алайҳи бунёди сарбандҳои бузург дар ҷаҳон гуфт, “Амрико танҳо яке аз саҳмдорони Бонки Ҷаҳонӣ аст. Бонки Ҷаҳонӣ саҳмдорони дигари манфиатдорро низ дорад. Ҳамаи онҳо мунтазам доир ба масоили гуногун назару муносибати хешро баён мекунанд. Мо ҳамаи онҳоро шарҳ намедиҳем ва назари худро низ баён намекунем, чун баёни мавқеъ ҳаққи ҳар давлати мустақил аст."

Ин дар ҳолест, ки Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қонунеро имзо кард, ки бар пояи он амрикоиҳо дар мудирияти созмонҳои молиявии байналмилалӣ уҳдадоранд, алайҳи бунёди сарбанд (плотина)-ҳои бузург дар ҷаҳон баромад кунанд. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Амрико дар созмонҳои байналмилалии бонуфуз бояд алайҳи тасвиби ҳар гуна ҳуҷҷату сармоягузорие баромад кунанд, ки ба бунёди сарбандҳои бузург равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки Амрико аз саҳмдорони асосӣ дар созмонҳои молиявии бонуфуз, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонист, ки феълан ба омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” машғул мебошад.

Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дошт, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун ваъда дод, ки барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст. Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.


Дар акс: Лора Так (дар байн) ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 11 феврали 2014

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
точик
Бародарон ин одам хеч кас нест. Ин кори вай мониторинг ном дорад ки аз ин хисоб маблаги калон ба кисааш медарояд. Амрико пуркувватарин давлати дуне аз хама тараф мебошад. Ин институтхои молияви, ООН ва дигар ташкилотхои гайри давлатии байналхалки зери тобеи Амрико мебошанд. Хамин бонки чахони набуд ки тобистони соли гузашта изхорот дода буд ки мо Барои сохтани Рогун пул намедихем. Мо аз худамон намонем. Точикон миенро сахт бандед, пулдорон пулро ба Ватан биеред ана даври мардию ватандусти ва нангу номус омадааст.

ОФАРИН БА ГАЙРАТАТ! ВАКТИ НАНГ ОМАДААСТ,МО БОЯД РОГУНРО СОЗЕМ!!!!!!!!!!!!!

беакл
боз пуламона гирифта худмона хабс накунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)