Ҷоизаи “Оинаи беҷило”-и Носир Саидов дар ҷашнвораи Эрон
“Оинаи беҷило” (Mirror Without Reflection), филми Носир Саидов -- коргардони маъруф ва раҳбари “Тоҷикфилм” дар ҷашнвораи 32-юми “Фаҷр” дар Эрон соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, “Оинаи беҷило”-ро барои сенарияаш “Беҳтарин филмнома” эътироф кардаанд. “Оинаи беҷило” аз рӯи сенарияи Бахтиёр Каримов наворбардорӣ шудааст. 32-юмин Ҷашнвораи блайналмилалии “Фаҷр” аз 30 январ то 6 феврал дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор шуд.
Филми "Оинаи беҷило" соли гузашта аз сӯи Носир Саидов сабт гардид, ки нақши асосии онро ҳунарманд Муҳаммадалӣ Маҳмадов бозидааст. Дар ин филм, инчунин, Моҳпайкар Ёрова, Аловиддин Абдуллоев ва Мастура Ортиқова нақш офаридаанд.
"Оинаи беҷило" баъд аз “Қиёми рӯз” филми дувуми Носир Саидов мебошад, ки дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок ва баҳои баланд мегирад. Филми “Қиёми рӯз”-и ӯ то ҳоло беш аз даҳ ҷоиза гирифтааст. "Оинаи беҷило" қаблан дар ҷашнвораи Куриёи Ҷанубӣ ишитрок карда, баҳои баланд гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |