ВКД: Рамазон Раҳимов бо хабарнигорон мулоқот намекунад
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Рамазон Раҳимов бо раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва хабарнигорон мулоқоти рӯбарӯ анҷом нахоҳад дод. Дар пайи боздошту латту кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”, аз сӯи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раҳбарони чанде аз созмонҳои журналистӣ хостори мулоқоти хос бо Рамазон Раҳимов шуда буданд.
Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, мегӯяд, нишасти ахири матбуотии онҳо ба хабарнигорон имкон додааст, то дар ин маврид ба саволҳояшон ҷавоб гиранд ва ҳоло ҳоҷат ба чунин мулоқот намондааст. Ин дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии ВКД на Рамазон Раҳимов, балки муовини ӯ Абдураҳмон Бузмаков ишитрок дошт ва дархости журналистон суҳбати рӯбарӯ бо худи вазир буд.
Қаблан, дар пайи ин дархост, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ, изҳори омодагӣ карда буд, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбати рӯбарӯ мекунад ва бархӯрди баъзе аз маъмурони пулис бо хабарнигоронро баррасӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |