Рейдҳо дар аҳди Рустами Эмомалӣ ва ифшои телефонҳои қочоқӣ
Дар пайи ба садри Хадамоти гумруки Тоҷикистон омадани Рустами Эмомалӣ, масъулини гумрук дар шаҳри Душанбе ба рейдҳои вижа пардохтаанд, ки дар натиҷаи яке аз онҳо беш аз 350 телефони мобилии қочоқӣ ошкор шудааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, телефонҳои мазкур аз фурӯш бардошта шуда, пас аз гузарондани муқаррароти гумрукӣ ва пардохти маблағи муайяншуда ба ҳамон нуқтаҳои савдо бозпас гардонда хоҳанд шуд. Ин ниҳод таъкид мекунад, рейдҳои махсус аз моҳи декабри соли 2013 ба ин сӯ дар тамоми қаламрави кишвар гузаронда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки аз 30 ноябри соли 2013 курсии раҳбари Хадамоти гумрук ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ, писари 26-солаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд ва ӯ зоҳиран ҷавонтарин мансабдори тоҷик аст, ки чунин як мақоми баландро ишғол кардааст. Бархе аз соҳибкорон низ дар суҳбат бо "Озодагон" нисбатан пурзӯр шудани назорати гумрукиро дар аҳди Рустами Эмомалӣ таъйид карданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |