3 рӯз мӯҳлати раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони ҲНИТ
Ҳукумати Спитамени вилояти Суғд бо имзои раиси ноҳия М.Маҷитов ба масъулини дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин минтақа 3 рӯз муҳлат додааст, то утоқи ба иҷорагирифтаи худ дар бинои кинотеатри “Пахтакор”-ро холӣ кунанд.
Маҷитов дар номаи худ гуфта, ки кинотеатр макони фарҳангист ва бар асоси қонунҳои кишвар созмону аҳзоби сиёсӣ ҳаққи фаъолият дар чунин ҷойҳоро надоранд. “Тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ манъ карда шудааст”,-таъкид шудааст дар номаи раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони ҲНИТ.
Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, мегӯяд, ин нома рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дастраси онҳо шудааст. Вай афзуд, онҳо қаблан бо раёсати кинотеатри “Пахтакор” барои фаъолияти дафтари ҲНИТ дар ин макон то соли 2019 қарордоди дуҷониба дошта, ҳудуди 11 ҳазор сомонӣ пешпардохт низ кардаанд. Вале дар номаи раиси ноҳияи Спитамен гуфта шудааст, ки “раҳбарияти корхонаи воҳиди фаръии Кино ва Видео тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқи ба иҷора додани моликияти дар мувозинаташ қарордоштаро надорад ва шартномаи иҷора, ки аз 10 январи соли 2011 миёни шуъбаи ҲНИТ ва ин идора баста шудааст, бе эътибор аст.”
Дар идома мехонем, “ҳангоми таҳлил муайян карда шуд, ки маъмурини шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои танзими иҷораи моликияти давлатӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бинои кинотеатр ҷой гирифта фаъолияти худро ба роҳ мондааст”.
Ин зарбулаҷали раҳбарияти ноҳияи Спитамен барои холӣ кардани утоқи кинотеатри “Пахтакор” дар ҳолест, ки ба қавли масъулони ҲНИТ, Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар аксар муассисаҳои фарҳангию таълимӣ ва ҳатто бемористонҳо ташкилоти ибтидоии худро дорад. Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон аст, ки ба қавли масъулонаш дар ҳоли ҳозир беш аз 40 ҳазор узв дорад ва ин ҳизб дар остонаи интихоботи президентии соли гузашта мавриди ҳамлаи сахти расонаҳои давлатӣ қарор гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |