Ваъдаи вазир барои боздиди “ғайриинтизор” аз зиндонҳо
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал дар мулоқот бо Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милал, аз чораандешиҳо алайҳи шиканҷа дар кишвар гузориш додааст.
Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, Рамазон Раҳимов аз ҷумла зикр кардааст, ки “моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143 дар бораи шиканҷа ворид шуда, тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон низ далелҳои бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда эътибор надоранд.” Вазири умури дохилӣ, инчунин, аз қабули барномаи махсуси давлатӣ барои солҳои 2013-2016 зикр кардааст, ки ба ташкили низоми ҳимояи шоҳидон, аз ҷумла, ҷабрдидагони шиканҷа равона гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Раҳимов таъкид намудааст, дар мақомоти корҳои дохилӣ аз болои фаъолияти кормандон назорати пурзӯр ба роҳ монда шудааст: “Дар муассисаҳои нигаҳдории муваққатӣ ва қисмҳои навбатдории шӯъбаҳои милиса камераҳои мушоҳидавӣ барои назорати доимӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар натиҷа дар соли 2013 сатҳи қонунвайронкунӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 33% паст гардид.”
Хуан Мендез аз чораандешиҳо алайҳи шиканҷа дар мақомоти умури дохилӣ истиқбол карда, ба вазир пешниҳод кардааст, ки ҳамроҳ бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маҳкамаҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) боздидҳои эълоннашудаю ғайриинтизор ташкил шаванд, ки аз ҷониби Рамазон Раҳимов пазируфта шудаанд.
Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури шиканҷа субҳи 10-уми феврал вориди Душанбе шуда, нахуст бо Сироҷиддин Аслов -- вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоҷот анҷом дод. Вай моҳи майи соли 2012 низ аз Тоҷикистон боздид карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва Исфараву Истаравшан бо вазъи 17 муассиса, аз ҷумла зиндону қисми низомӣ ошно шуда буд. Баъдан, Мендез аз натиҷаҳои сафараш моҳи марти соли 2013 дар ҷаласаи Созмони Милал гузориш дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |