Сабтиноми 1 масҷиди ҷомеъ ва 10 масҷиди панҷвақта аз сӯи Кумитаи дин
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон давоми моҳи январи соли ҷорӣ 11 масҷиди ҷомеъву панҷвақтаро дар ноҳияҳои кишвар ба қайд гирифтааст.
Афшини Муқим, сухангӯи ин кумита дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз ин теъдод як адад масҷиди ҷомеъ ва 10-тои дигар масҷиди панҷвақтаанд: “Масҷиди ҷомеи ба тозагӣ сабтшуда дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир аст. Масҷидҳои панҷвақта бошанд, дар ноҳияҳои Муъминобод, ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода ва Ванҷ воқеъянд”.
Ноҳияи Восеъ дар ҳоле боз як соҳиби масҷиди ҷомеъ шуда, ки мавзӯи набудани масҷиди ҷомеи марказӣ дар ин ноҳия аз тарафи Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ Ҳасанов дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июли соли гузашта матраҳ шуда буд. Ҳоҷӣ Убайдулло ҳангоми мулоқоти раисиҷумҳур бо рӯҳониёни кишвар гуфта буд, ки дар ноҳияи Восеъ масҷиди ҷомеи марказӣ нест.
Дар пайи ин пешниҳодаш, Ҳоҷӣ Убайдулло аз сархатибии масҷиди марказии Восеъ барканор гардид. Вале Рустам Латифов, раиси ноҳияи Восеъ, он вақт дар шаҳри ин масъала гуфта буд, ки Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ дар пайи санҷиши намояндагони бахши дини ноҳия ва ошкор шудани камбудҳояш сабукдӯш шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |