Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон бо муовини вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳусейндоириманиш ва гурӯҳи кории ҳамин вазорат мулоқот анҷом дод.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» котиби матбуоти вазорат, Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, ҷонибҳо таҳким бахшидани ҳамкориҳоро дар самти қабули шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон ба муассисаҳои олии ҳар ду кишвар тибқи бурсияҳо ва табодули таҷрибаи устодони муассисаҳои олӣ вобаста ба такмили ихтисос ва истифодаи таҷрибаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Қарор шуд, ки дар низом ва мӯҳлати қабул ва интихоби довталабони арзанда ба муассисаҳои олии касбӣ тағйиротҳо ворид намоянд. Масъалаи мазкур дар гурӯҳҳои кории ҳар ду вазорат мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хохад гирифт. Мавриди зикр аст, ки ҳайати меҳмонон аз муассисаҳои олии касбии пойтахт дидан карда, бо фаъолияти онҳо ошно хоҳанд шуд.
{jathumbnail off}
Мӯҳр