Дастури Убайдуллоев барои ҷалби додрасҳо ба баҳси сокинону сохтмончиён

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи ахири ҳукумати пойтахт дар ҳузури мақомоти қудратӣ ба танишҳо миёни ширкатҳои сохтмонӣ ва соҳибхонаҳо дахл кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, фармоишгарон ба Убайдуллоев арз кардаанд, ки барои бастани шартнома бо бархе аз соҳибмулкон дар маркази Душанбе бо мушкилот пеш омадаанд, ки оғози корҳои сохтмонию бозсозиро дар маркази шаҳр ба таъхир гузоштааст.
“Бо вуҷуди эълони пешакӣ дар мавриди сохтмонҳои нав дар маркази шаҳр бархе аз соҳибмулкони биноҳои феълӣ ҳозир нестанд, бо фармоишгарон расман созишномаи дутарафа банданд”,-афзудааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Дар робита ба ин, Убайдуллоев дастур додааст, ин масъала аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти додситонию додгоҳ сирф дар доираи қонунгузории феълӣ ҳал гардад. Шаҳрдори Душанбе зимни ҷаласа бори дигар вусъати сохтмону меъмориро дар қисмати марказии шаҳр зикр карда, таъкид сохтааст, ки ба ҳеч ваҷҳ зимни татбиқи нақшаи генералии Душанбе ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон поймол карда нашавад.
Убайдуллоев таъкид намудааст, дар марҳилаи кунунӣ тамоми имкониятҳои шаҳрдорӣ ва бахши хусусӣ барои бозсозии маркази пойтахт равона гардад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |