Бахшҳо

"Тоҷикистон" ба ҷои "Узбакистон". Вокунишҳо ба як ғалати Губерниев

Муаррифӣ шудани дастаи мунтахаби Узбакистон дар маросими ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи “Сочӣ” ҳамчун тими Тоҷикистон тавассути муҷрии шабакаи “Россия 1” баҳсҳоеро миёни корбарони интернетии ду кишвар ба миён гузоштааст.

Агар аз як тараф корбарони тоҷик аз зикр шудани номи кишвари худ ҳангоми муаррифии дастаи мунтахаби Узбакистон норозӣ бошанд, аз сӯи дигар корбарони узбакро шиносоии тими миллияшон ба ҳайси дастаи Тоҷикистон нороҳат кардааст. Яке аз корбарони тоҷик бо номи “Ватандӯсти Механдӯст” дар саҳифаи “Платформа” (Фейсбук) дар шарҳи ин қазия гуфтааст, “фардо ба унвонии Вазорати умури хориҷии Русия ҳатман нотаи эътирозии Узбакистон ирсол хоҳад шуд.” Ин корбари тоҷик аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҷрии рус миннатдорӣ кардааст, ки заминҳои бобоии тоҷиконро барои як лаҳза ҳам бошад, ба соҳибонаш баргардонд.

"Тоҷикистон" ба ҷои "Узбакистон". Вокунишҳо ба як ғалати ГуберниевКорбарон ин як хатои фавқулодаи муҷрии русро то ба ҳадде мушкилу мушкилсозтар намудаанд, ки бархе аз онҳо дар идомаи баҳс аз табартақсим шудани заминҳои бобоии тоҷикон ва қарор додани қисмати зиёди он дар ихтиёри узбакону муносибати бади раҳбарони ду кишвар, аз ҷумла масдуд будани марзҳои ин ду давлат ба рӯи сокинони якдигар мисолҳо овардаанд. “Канишка Кушаншах”, яке аз корбарони дигар, ки дар мақоми бетарафӣ қарор гирифтааст, мегӯяд, ӯ бо аксари мардуми тоҷик ошно асту аз нафрати зиёди онҳо нисбат ба узбакҳо хабар дорад. Аммо ба гуфтаи ӯ, “ин ҳама иғвоангезӣ ва коштани тухми бадбинӣ нисбат ба узбакон дар қалби ҷавони тоҷик аз сӯи як гуруҳи манфиатдор аст.” “Канишка Кушаншах” таъкид кардааст, ингуна таҳрикҳои нафратовари нажодиро ӯ одатан аз сӯи мақомҳои расмӣ мебинад.

Дар ҳамин ҳол, “Хасан Арабакеш”, дар эътироз ба суханони ҳамбаҳси худ гуфтааст, “магар намебинӣ чигуна ақаллиятҳои тоҷикон дар Узбакистон мавриди фишору табъизи нажодӣ қарор доранд ва чигуна артиши ин кишвари ҳамсоя соли 1993 ба хоки Тоҷикистон ворид ва сокинони онро қатл кардааст.”

Вале шумораи нафароне, ки якдигарро ба ҳамдигарфаҳӣ даъват менамоянду инро як хатои муҷрӣ дониста, аз пӯшонидани ҷомаи сиёсӣ ба ин қазия худдорӣ мекунанд, кам нестанд. “Бахтиёр Сатторӣ”, корбари тоҷик гуфтааст, ин қазия барои то ба ин ҳад бузург кардан ниёз надошт: “Бубинед, дар ҳоле қирғизҳо дари худро ба рӯи мо бастаанд, узбаҳо убури мошинҳои бандшудаи моро тавассути марзи худ иҷоза додаанд.” Ин корбари тоҷик аз ҳамтоёни худ даъват кардааст, то ингуна баҳсҳоро буруз накунанд. Ӯ илова кардааст, дер ё зуд ин баҳсҳо ҳалли худро хоҳанд ёфт ва мо бояд ба ҷойи ингуна баҳсҳову ёдоварӣ аз гузашта танҳо ба оянда нигарем.

Дар баробари ин, шаҳрвандони Узбакистон ҳам паста наомада, даҳҳо шарҳу аксҳоеро дар бораи иштибоҳи Дмитрий Губерниев дар Фейсбуку сайтҳои дигар гузоштаанд. Иддае аз онҳо аз он таассуф хӯрдаанд, ки муҷрӣ барои ин иштибоҳаш аслан маъзаратхоҳӣ накард. Вале муаллифи як матлаб дар ilike.uz гуфтааст, ин як иштибоҳ аст, ки набояд онро ба дил наздик гирифт.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
rustam
khato nakaday aymohay uzbakiston )

Tojik
I hato nest nimi zamini Uzbakiston az Tojikistonai! inshooloh mo megirem zaminoi Boboimona.

odamkhudo
on qadar kalimai tojik baroi rusho zabonzada shudaast ki shoyad jacki anglisro ham tojik nom barand.

Jamik
Chi gape hast amija) U ruzako da Google Samarqandu Buhroro az Tojiko nishon dodan. Imruz Bo ija Tojikiston muarifi kardand kamandai Ubakora... Janobi Oli yak balo kuna ami zaminoi bobogii mora bgira To ohira umrsha ovozush metem... Ba umedi i hizbchoi manfiatju shidan darkor nest inho faqat dar fikri shikamu kisai hudand. Mo boyad hama dar girdi janobi oli jam shavem va az yak girebon sar barorem, fikrhoi mahalgaroiro yak taraf monda az nomi Milati Tojik gap zanem.Bo nagen ki maham laganbardor yo in ki az fabrikai Javobum ba nomi Alloh yak odami odiyum ba misli shumo.

город Вахдат...
Хакикат руи об баромада аст ку!Чехраи Рахмонов ва Каримов дар ин хол дар олимпиада чи гун шуда бошад?Рахмонови Мо голиб омадааст хамеша!

илхом
Рост гуфтай инхо Точикхоянд

chistaya pravda skazal.do 1924 nazvali tadjikistanom.ne bilo ne kakoi uzbakistan.

Охун Бобоев
Дар инчо ягон иштибох нашудааст. Чун ин шахсони ,ки дар олимпиада иштирок доранд инхо хама точиканд симои точики доранд, дуюм ин ки ягон узбак варзишгар набуд ва нестам. баъдан дар Узбакестон 75% ахоли точикохастанд. Ман агар ба чои рохбари давлат мешудам барои рови як тухфаи гарон арзиш медодам.

Мир
Ман хайронам чаро точикхо аминхои узбекхоро аз худ мешуморан Охир шумо точикхо агар факат асри 10 ин хам 99 сол сохиби Самарканду Бухоро будед Узбекхо аз асри 10 саркарда то 20 давраи аморати Бухоро яъне 1000 сол Ва хатошумо хам як автаномия аз узбекхо будед то даме ики Помир ба шумо хамчун автаномият хамро нашуд ва дар дохили як автаном ,ки шумо будед як автаномияи дигар мумкин набуд шумо спасать шудед Лекин боз аз узбекхо мешавед хочешь не хочешь Пока шумора ООН спасать кадестай

Э точиклар ба кабли худаш хонашеру майдон гаирб хеч гох СБ аз шумо набуд ва нахохад шуд шумо як порчаи Узбекистонум и бузургет ки оянда хохад шуд

милатчиги накнен, хама точикем, кор кардан даркор, барк тиен ба халки мехнаткаши Точикистон!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)