Бахшҳо

Талаби HRW аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии Зайд Саидов

Ҳюман Райтс Вотч ё Дидбони ҳуқуқи башар 26 сол ҳукми зиндони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони навро, зарбаи сахте ба озодии баён дар Тоҷикистон дониста, хостори раҳоии ӯ шудааст. Ҷаноби Саидов 25 декабри соли гузашта бо ҳукми Додгоҳи олӣ равонаи зиндон гардид.

Ҳюман Райтс Вотч таъкид мекунад, ки қазияи боздошти Зайд Саидов аз рӯзҳои аввал ғайриқонунӣ буд. Ба гуфтаи он, соҳибкори муваффақи тоҷик дар ҳоле аз сӯи мақомоти қудратӣ ҳангоми вурудаш ба Ватан боздошт шудааст, ки ҳаққи дахлнопазирии вакили шаҳриро дошт. “Танҳо баъд аз як рӯзи боздошт саросемавор шӯрои вакилони шаҳриро даъват ва бо овоздиҳии фаврӣ, ки дар он худи Зайд Саидов ҳузур надошт, дахлнопазирии ӯро бекор карданд”,-омадааст дар гузорииш Ддибони ҳуқуқи башар.

Дидбони ҳуқуқи башар бо такя ба як манбаи наздики худ ба Шӯрои вакилони шаҳрӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, мегӯяд, ҳукумати Душанбе мустақиман аз дастгоҳи президенти Тоҷикистон барои гирдиҳам овардани фаврии вакилон ва лағви дахлнопазирии Саидов дастур гирифтааст. Стив Свердлов, таҳлилгари Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ гуфтааст, "ҳукми Саидов барои берун кардани рақиб аз саҳнаи сиёсӣ буд.” Ӯ мегӯяд, изҳороти мансабдорони болоии тоҷик тавассути барномаҳои телевизионҳои давлатӣ дар бораи гунаҳкории Саидов аз номустақилияти мақомоти додгоҳӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Ин созмон бар ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле дар интихоботи президентии 6 ноябри кишвараш пирӯз шудааст, ки дар ин маърака муборизаи воқеии сиёсӣ эҳсос намешуд: “Мақомоти тоҷик дар фазои пешазинтихоботии худ бо маҳдуд кардани озодии баён, ҳабс кардани раҳбарони мухолифон ва саъй барои баргардонидани мухолифони сарсахти дар хориҷбуда банд буданд. Аз ин рӯ, Ҳюман Райтс Вотч аз ҳукумати феълии Тоҷикистон талаб мекунад, ки даст аз таъқиби мухолифони сиёсии худ бардорад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Салом ба назарам ин Дидбони ҳуқуқи башар нав аз хоб бедор шудааст. дар бораи кадом қонун гап мезанад худаш намедонад.Таҳлигар Стив Свердлов муъомила бо ҳуқуқро дар меъёрҳои ҷаҳонӣ пешкаш кардаистода аст,дар ҳоле, ки мо хела пештар аз қонунҳои ҷаҳонӣ, дар ҳаракатем. Талаби озодӣ дар сурате метавонад таъсиргузор бошад, ки далилҳои қотеъ ва дахолатҳоӣ миёнаравони беғараз пешкаш карда шаванд.
Ҷаноби Зайд Саидов агар чи дар ҳабс аст, ҳамин ки дар борааш назар доранду суҳбат мекунанд худ нишонгари озодии ин марди миллати тоҷик аст.
Рақиб озорҳо фармуду ҷойи оштӣ нагузошт
Магар оҳӣ саҳархезон сӯи гардун нахоҳад шуд.

Наход,ки чаноби Стив Свердлов бесавод бошаду ту босавод? Ту ба фикрам аз у ЛАГАНБАРДОРОЙ МАДДОХИ.

Хурам
Ба казияи Зайд Саидоа наинки бояд Дидбони ҳуқуқи башар HRW дахолат кунад балки тамоми мардуми Точикистон бояд садо баланд кунанд ва дар озод шуданаш сахми худро бигузоранд!!!!

инсоф
салом озодагон аз хамин расми заид саид безор шудем кодом вакте .,ки интернетро кушоем ба чашм мезанад

Вайс
Талаби HRW аз ҳукумати Тоҷикистон барои озодии Зайд Саидов...

Чи гуна талаб кард??? бо ягон хуччати расми е танхо гузориш?
Механизми баррасии талаб ё изхорот аз чониби макомотхои ЧТ чи гуна бояд бошад? Дигар созмонхои байналмилали нисьати ин изхорот чи воеуниш медиханд? агар хуччати расми набошад ин тахо гапи бекор.... саволхои бечавоб бисёр???????????

инсоф
наход хамин заид саид кади екуб салим ва гафор сидои хизмат барои хамин хукумат карда бошад бояд заид гунох кардааст дар назди конун чавоб бигуяд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)