Даъвати муфтӣ аз намозгузорон барои сарфаи нерӯи барқ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони шаҳри Душанбе даъват кард, дар фасли сармо нерӯи барқро сарфакорона истифода баранд. Абдулқодирзода рӯзи 7 феврал дар намози ҷумъа гуфт, “исрофкорӣ дар Ислом ҳаром аст ва мо набояд дар истифодаи нерӯи барқ даст ба исроф занем”.
Ӯ таъкид дошт, “мову Шумо сокини пойтахт мебошем, бояд барои сарфаи нерӯи барқ талош кунем, ҳар чӣ бошад, барқ сарфа мешавад ва ба аҳолии деҳанишин, ки ҳоло аз норасоии он дар ин фасли зимистон азият мекашанд, кумак шавад.”
Аз ин пештар ширкати "Барқи тоҷик" низ бо пахши як изҳорот сокинони Тоҷикистонро ба сарфаи нерӯи барқ даъват карда буд. Масъулини ин ширкат ба аҳолии кишвар тавсия доданд, ки ба хотири сарфакорӣ ҳатто сӯрохҳои дару тирезаи хонаҳояшонро бо пахтаву “скоч” маҳкам кунанд, то гармии ҳавои дохил ба берун нараваду нерӯи барқ зиёд истифода нашавад.
Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон дар ҳоле ранҷ мекашанд, ки расонаҳои афғонӣ аз таъмин шудани сокинони бархе манотиқи Афғонистон бо нерӯи барқи Тоҷикистон хабар доданд. Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 16 январи соли ҷорӣ дар суҳбат бо расонаҳои маҳалии ин кишвар гуфта буданд, сокинони ин минтақа дар ҳоли ҳозир бо нерӯи барқе таъминанд, ки аз Тоҷикистон содир мешавад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Маҳманд, раиси барқи Тахор, гуфта буд, ин нерӯи барқ аз Тоҷикистон бар ивази 32 миллион доллар харидорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти барқи вилояти Қундузи Афғонистон низ иброз дошта буд, ки вулусволии Хонободи ин минтақа низ бо барқи Тоҷикистон таъмин аст. Ба қавли манбаъ, ин нерӯи барқи вулусволии Хонобод низ бар ивази 45 миллион доллар аз кумакпулии Бонки Осиёӣ харидорӣ шудааст.
Вале мақомот сарди фасли сармо ва камшавии ҳаҷми об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистонро мисол оварда, мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардохта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |