Бахшҳо
08 фев 2014 10:42Тоҷикистон / Сиёсат

Боздошти "узви ҲНИТ" ба гумони таҷовуз ва эътирози Кабирӣ

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони угайи ноболиғаш муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст.

Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.” Кумитаи амнияти миллӣ дар гузориши худ аз рух додани ин гуна ҳодисаҳо дар кишвар нигаронӣ карда, мегӯяд, ҳоло замоне расидааст, ки бояд қонуни ҷиноии кишвар дар мавриди ҷазои таҷовузгарон бознигарӣ шавад.

“Бар асоси гуфтаҳои уламои дин ҷазои шахси зинокор сангсор мебошад, шояд ҳоло замоне расидааст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ба муқобили чунин ҷиноятҳои вазнин тағйирот ворид карда шавад”
,-таъкид шудааст дар ин гузориш. Тайи як соли охир мақоми интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошти аъзои ҲНИТ ва рӯҳониёну табибони мардумӣ, ки гӯиё дар иҷрои амалҳои ғайришаръӣ даст доранд, гузориш медиҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, субҳи 8 феврал дар ҳамоише дар қароргоҳи ҳизбаш намоиши боздошти Маҳмадулло Холов тавассути шабакаи телевизиони кишвар ва рабт додани ӯ ба ин ҳизбро барномаи “антинаҳзатӣ” ва сохта хонд. “Дишаб боз як барномаи "антинаҳзатиро" дар телевизиони давлатии кишвар намоиш доданд, ки аз вуҷуди захираи хуби барномаҳои зидди Ҳизби наҳзат дар дасташон дарак медиҳад”,-гуфт ӯ.
Мӯҳр
ном
эхе бо сар шуд
оо мо гуфтем акалан ин корхо то интихобот давом мекунад, ки не....

Боз сар шуд! Бародарони макомот, о мумкин нест фош кардани шахсиятхои ноболигон ва умуман, чабрдидагони ин гуна чиноёти нанговар. Холо боз ягон ташкилоти байналмилал эътироз мебардорад! Бе ин хам кариб дар бунбастем, боз бунбасти сиёси ба мо чи даркор? Мехмон омада истодааст аз созмони хукуки башар ин мох охир.

Аузубиллох иншиахои нахзати аз дасташон фақат фасот кори мебиёд

ХНИТ + РОФИЗИИ МУШРИК

Хушёрии сиёси
Проблемаи норасоии кувваи баркро намешавад бо чунин намоишхои сохта рупуш кард. Бехтараш мегуфтед кай ба мардум баркро медихед? Дар махалхо мардум аз сабаби хунуки ва бебарки мурда истодаанд, чанобон. Короче конкретно гуен "тафрика андозу хукумат рон". Бо ин спектаклхо мехоханд фикри мардумро ба дигар самт равона сохта, аз хукукхои хеш бенасиб созанд. Ба мо барк лозим, чои кор лозим, маош лозим, на ин гуна масхакахои беарзиш!

таачуб
Агар хар бор хнит ягон икдоми дифои аъзои худро кунад амният ба тухматзани сар мекунанд. макомот аъзои ин хизб Умедчонро дар турма куштанд. вакте хнит рузи 8 ум мехост бар зидди шиканча дар хизб мизи гирд гузаронад шармандахо кадом бечораеро ки тамоман хнит-хо уро намешиносанд бо кадом тахдиду фишор мачбур карданд ки гуяд аъзои хнит хастам. шуморо Худо шуомро шарманда мекунад.ю хея гунохе бадтар аз тухмат нест. таачуб мекунад одами вакте рисои худашон чандин духтари чавонро дар як хафта шармсор мекунанд ва чандин ракосаву хофизаро ба зани гирифтанд барои чи хап меистанд. як рузи дигар ана хамон раисатон ба суроги духтари шумо меояд.

in hizbro banded srochno.sadkai nomi islom shaved

Инхо бо тухмат Хнитро ганда кардани буданд локин аллакай халк бохабар шудааст хуб медонанд ки ки хак аст дигар ин ки ин мард нах мулло балки бахши гуфтандку дар навор дигараш хаёти ин ду духтари ноболигро сузонданд бо наворашон акнун ин ду духтарча дигар ба куча баромада наметавонанд номус мекунанд наход ба хамин духтарчахо хам фишор оранд. Эй наворбардорхо шумо хохар надоред модару зан надоред аз худо наметарсед? Ачабне ин муйсафеди зинокор баръакс аз ххдт бошад! Тавба!

амир
аввалан ин давлат бо ин корхо мехохад камбудихои худро рупуш кунад..инки кувваи баркро мефурушаду ба мардум намедихад..инки хар зимистон тифлакони бегунох да бемористонхо аз набуди барк ас сармо фавт мекунанд.инки чавононро дар русия мекушанду давлат аксул амале нишон намедихад.майлаш агар вокеъан аз паи тачовуз мегарданд чаро хешутаборхо ки дар шартуз ва дигар нукоти точикистон номуси духтарро тачовуз карданд.чаро онхоро ба чавобгари кашида намешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)