Изҳороти вакили парлумон: "Рӯзи Валентин иди Шайтон аст"
Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон, хостори манъи таҷлили Рӯзи ошиқон ё худ Рӯзи “Валентини Муқаддас” дар кишвараш шудааст. Ин намояндаи мардумии қирғиз рӯзи 7 феврал дар ҷаласаи парлумоние гуфтааст, Рӯзи ошиқон ин иди Шайтон аст ва онро набояд ҷавонони кишвараш таҷлил кунанд.
Ӯ таъкид кардааст, “ин рӯзро мо ҳаргиз таҷлил накардем ва ҳоло онро дар макотиби таҳсилоти умумии Қирғизистон бошукуҳ ҷашн мегиранд. Иде, ки ба миллати қирғиз бегона аст, таҷлили онро бояд манъ кард.”
Турсунбой Боқир-уулу аз паёмадҳои нохуби таҷлили ин рӯз ба мақомоти кишвараш ҳушдор дода, гуфтааст, дар сурати сар задани ягон ҳодисаи нохуб миёни ҷавонон ҷавоб хоҳанд гуфт: “Ман расман ба худи раисиҷумҳур ва аъзои ҳукумати Қирғизистон ҳушдор медиҳам, ки агар миёни ҷавонони кишвар фоҷиае рух диҳад, онҳо ҷавобгӯянд.”
Рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон ҳамасола 14 феврал аз сӯи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва дар Тоҷикистон низ назарҳо дар бораи таҷлил кардан ё накардани он назарҳо мухталифанд. Рӯҳониён борҳо онро ба пайравони дини Ислом бегона хонда, хостори манъи таҷлили он шудаанд, вале бархе аз ҷавонон онро як рӯзӣ хушӣ медонанд, ки ба қавли онҳо ба ҳеч дину мазҳабе дахл надорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |