Убайдуллоев раисони Идораи барқу об ва динро нав мекунад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳо дар сохторҳои шаҳрӣ озмун эълон карда, таъкид намудааст, ки ба хатмкардаҳои донишгоҳҳо то соли 1992 ва таҳсилдидагон дар хориҷ афзалият дода мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ аз ҷумла барои ишғоли вазифаи раҳбари «Равшании Душанбешаҳр» ва «Раёсати обёрии Душанбе» озмун эълон шудааст, ки то 28 феврали соли 2014 давом мекунад.
Ба иттилои манбаъ инчунин курсиҳои мудири шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе, мудири шуъба оид ба корҳои дин ва мутахассиси шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ интизори соҳибони худанд, ки номзадҳо метавонанд, аз 6 феврал то 6 марти соли равон барои ишғоли онҳо талош кунанд.
Раиси Душанбе инчунин барои ишғоли ҷойҳои кории мудири шуъбаи саноат ва энергетика, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ, сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ, мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ озмун эълон карда, афзудааст, ки хоҳишмандон ба шуъбаи кадрҳои шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |