Миёни мардуми СНГ аз ҳама кам тоҷикон маош мегирифтаанд
Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи ҳаҷми маош дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Бино ба гузориши Кумитаи омори байни давлатии кишварҳои узви ИДМ, ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистон 748, 63 сомониро ташкил медиҳад, ки баробар ба 157, 13 доллари амрикоӣ аст.
Ин ниҳод мегӯяд, Қирғизистон дар ин раддабандӣ аз Тоҷикистон як зина боло буда, дар мақоми 9-ум қарор дорад. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми маоши миёнаи шаҳрвандони Қирғизистон дар соли гузашта баробар ба 220, 45 доллар будааст.
Бар асоси ин раддабандӣ аз ҳама маоши баланд шаҳрвандони Русия мегирифтаанд. Маоши миёна дар ин кишвар 866,43 долари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар баробари Русия Қазоқистон ва Беларусия низ ба руйхати сегонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бо маоши нисбатан баланд таъминанд, дохил мешаванд. Ҳаҷми маоши миёна дар Қазоқистон ба 689, 48 доллар ва дар Беларусия ба 552, 27 доллар баробар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |