Ҷароҳати як муҳоҷири тоҷик аз тири пулиси Маскав
Як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди тири кормандони пулиси шаҳри Маскав қарор гирифта, ҷароҳат бардоштааст. Раёсати умури дохилии шаҳри Маскав мегӯяд, дар ҳоле ба сӯи муҳоҷири тоҷик оташ кушода шуд, ки ӯ аз итоати кормандони ин ниҳод саркашӣ кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин шаҳрванди Тоҷикистон гӯиё ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи пулис боздошт шуда, ҳангоми берун рафтан аз бинои додситонӣ фирор кардааст. Раёсати умури дохилии Маскав афзудааст, ки ҳоло муҳоҷири тоҷик дар беморхона бистарӣ буда, омилони ҳодиса мавриди омӯзиш қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |