Бахшҳо
07 фев 2014 10:27Тоҷикистон / Иқтисодӣ

"Роснефт" вориди бозори сӯзишвории Тоҷикистон мешавад

“Роснефт”, ки дар баробари “Газпром” аз ширкатҳои бузурги Русия дар бахши cӯзишворӣ маҳсуб мешавад, ният дорад, саҳмашро дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон бештар кунад. Бар асоси иттилоияе, ки ин ширкат, паҳн намудааст, феълан “Роснефт” масъалаи интиқоли сӯзишвории ҳавоиро ба Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, омодааст, воридоти равғанҳои молиданиро низ ба Тоҷикистон зиёдтар кунад.

Ба иттилои манбаъ, ин масъала аз ҷумлаи мавзӯъҳои баррасишуда дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия буд, ки Игор Сечин, раҳбари «Роснефт» низ зимни он ҳузур доштааст. Масъулони “Роснефт” таъкид мекунанд, феълан ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон -- «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр»-ро дар фурудгоҳҳои Нижневартовск, Краснодар, Сочӣ ва Екатеринбург бо сӯзишворӣ таъмин мекунанд, ки ҳаҷмаш дар соли гузашта 6 800 тоннаро ташкил додааст.

Ин нияти «Роснефт» дар ҳолест, ки нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз ҷумлаи гаронтаринҳо дар минтақа арзёбӣ шуда, баъзан ширкатҳои ҳавоӣ бо маҳдудият сӯзишворӣ мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки ширкати дигари русӣ «Газпром» дар бозори маводи сӯхти кишвар пешсафиро касб карда, қисми зиёди сӯзишвориро ба Тоҷикистон маҳз ҳамин ширкат ворид мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
УМЕД-88, ТОЧИРОН ШУМОДА ДИГАР ХУРОК НЕСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)