Хуҷанди сард. "Лимит"-и ғайрирасмӣ дар маркази Суғд

Дар Хуҷанд, маркази Суғд, ҳарчанд аз лимити нерӯи барқ расман чизе гуфта намешавад, вале сар аз 1 феврал дар шабонарӯз то 6 соат ва баъзан аз он ҳам зиёдтар интиқоли нерӯи барқро қатъ менамоянд. Дар сардии тоқатфарсое, ки тайи чор-панҷ рӯзи охир ҳукмфармост, ин амал норозигии сокинони манзилҳои баландошёнаи шаҳрро ба вуҷуд овардааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар шарҳи ин масъала гуфт, “бар асари аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ норасоии тавоноии трансформаторҳо ба назар расида, ба хотири сардии бардавом ва пешгирӣ аз садамаи истгоҳҳои барқӣ низоми маҳдудкунии нерӯи барқ дар шаҳри Хуҷанд шадидтар шудааст.”
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 6 феврал беш аз 50 сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус занҳо, ба назди намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар ин шаҳр ҷамъ омада, аз қатъи интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон шикоят карданд. Ҳарчанд масъулини ширкати «Барқи тоҷик» барои сокинони шаҳр вазъиятро “мефаҳмонданд”, аммо мардум ҳамоно аз он норизоӣ доштанд, ки аз сардӣ кӯдакони хурдсоли онҳо бемор мешаванду ҷубронашро касе пардохт намекунад.
Гулчеҳра ном ҷавонзане аз микроноҳияи 13-уми Хуҷанд дар сӯҳбат бо мо гуфт, “аксари мардум дар кӯчаҳо гаштугузор доранд, то ҳаракат намоянду гарм шаванд ва ҳатто дар назди манзилҳои истиқоматии худ ғизояшонро омода мекунанд.” Маврид ба зикр аст, ин маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Хуҷанд бори аввал набуда, қаблан низ «сокинони бебарқ» аз камбуди нерўи барқ дар рўзҳои сард, ҳатто дар телевизионҳои маҳаллӣ, норизоӣ намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |