Барф кори фурудгоҳи Душанберо халалдор накардааст
Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мегӯянд, фурудгоҳ барои қабулу гусели ҳавопаймоҳо омода буда, қабул ва гусели мусофирон бар асоси ҷадвал идома дорад.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳ, рӯзи 7 феврал, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, парвозу нишасти тайёраҳо дар хатсайрҳои дохилию хориҷӣ аз рӯи реҷа сурат мегирад: "Фурудгоҳи Душанбе барои фасли сармо хуб омодагӣ дидааст."
Тибқи иттилои торнамои фурудгоҳ, парвози хатсайрҳои Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Тюмен, ки қарор буд, имрӯз 7 феврал аввалӣ соати 11:00 ва дуюмӣ соати 21:00 сурат гирад, лағв шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |