Бахшҳо

VIDEO: Парванда алайҳи маъмурони пулиси Исфара дар пайи марги Умедҷон Тоҷиев

Дар пайи муроҷиати Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба чанде аз кормандони Идораи пулиси Исфара барои боздошту нигоҳдории Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, ки бо марги ӯ анҷомид, парванда боз кардааст.

Ин нуктаро ҷаноби Ализода дар нишасти хабарии 7 феврал баён дошт. Аммо ӯ аз ҷузъиёти ин парванда, ки нисбат ба чанд нафар боз шудааст, худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ҳанӯз таҳқиқ идома дорад ва натиҷааш баъдан эълон хоҳад шуд. Омбудсмени тоҷик дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ аз Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, хоста буд, фавти Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар зиндони вилояти Суғдро мавриди санҷиши мунсифона қарор диҳад.



VIDEO: Парванда алайҳи маъмурони пулиси Исфара дар пайи марги Умедҷон ТоҷиевВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин муроҷиатномааш ба додситонии кул аз фавти Умедҷон Тоҷиев дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуда буд. Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷон дод. Ӯ ҳангоми партофтан аз ошёнаи севум сахт зарб хӯрда буд ва ҳатто барои мулоқот бо вакили мудофеаш рӯи занбар меомад. Бо вуҷуди он ки мудофеашон борҳо аз мақомот интиқоли ӯ ба бемористон ва табобатшро талаб карда буданд, вале ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфт ва дар он ҷо фавтид.

Зариф Ализода дар нишасти хабарии 7 феврал, инчунин гуфт, барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон ва зиндонҳои Тоҷикистон як гуруҳ ташкил ёфтааст, ки аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат будааст. “Мо талош мекунем, ба ин гуруҳ журналистон низ дохил шаванд. Нияти мо гузарондани як мониторинг аст”,-афзуд ӯ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шокирчон
Хуни хамин мардак кадомро мегирад..да...

рахматулло
Дуруги навбатии Ализода,гуё хайат ташкил шуда бошад,ва аз мардуми одии хакгу ба ин гурух шомил мешуда бошад.Мутмаъинем ки боз кормандаони макомот шомил мешавад ва чи туре буд аз ун бадтар мешавад.

фир
хамин калоная гапзанию афташа дида бовариатон намеоядки у дар хизмати мардум аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)