Ҳимояти Назарбоев аз лағви пасванди тоҷикии “истон” аз номи Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, зимни боздид аз мактаби Атирау пешниҳод кардааст, ки пасванди “истон” аз номи Қазоқистон лағв шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон Назарбоев дар мулоқот бо намояндагони омма изҳор доштааст, ки “дар номи кишвари мо пасванди “истон” чун дар номи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки хориҷиён бештар ба Монголия таваҷҷуҳ доранд, ки ҳамагӣ 2 миллион аҳолӣ дораду дар номаш пасванди “истон” нест. Шояд вақти он расидааст, ки мо сари тағйири номи кишварамон ба “Қазоқ елӣ” (кишвари қазоқҳо) фикр кунем. Аммо пеш аз ҳама зарур аст, ки ин масъаларо бо мардум дар миён гузорем.”
Ин пешниҳоди Назарбоев дар ҳолест, ки қаблан Диас Азимҷонов, блогнавис ва ҳунарманди маъруфи Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки номи ин кишварро иваз кунанд.
Ин блогнависи қазоқ дар сомонаи «onlinepetition.kz» сабаби қафомонии Қазоқистонро дар пасванди «истон»-и он арзёбӣ намуда, навиштааст, ”ман аз таҷрибаи худ дарк намудаам, ки дар бештар маврид моро бо кишварҳои ҷануби Осиё, аз ҷумла Покистон ва Афғонистон иштибоҳ мегиранд.”
Ба гуфтаи Азимҷонов ағлаби шаҳрвандони хориҷӣ миёни фазои сиёсии Қазоқистон ва кишварҳои зикршуда фарқ намегузоранд: «Мо ҳар чанд дар саҳнаи ҷаҳонӣ пирӯзиҳо ба даст оварда, ватани худро дар олам муаррифӣ кардан хоҳем, вале боз ҳам аз номи он кишварҳо меравад. Аз ин рӯ, бояд пасванди «истон»-ро аз номи кишвари худ дур кард.»
Блогнависи қазоқ дар идома номи наверо барои кишвараш бо чанд тарз пешниҳод намудааст. Аз ҷумла Kazakh Republic (забони англисӣ), Қазақ Елі (қазоқӣ) Казахская Республика (русӣ). Дар охир Азимҷонов зикр намуда буд, ки номи нав пеш аз ҳама боиси беҳтар гардидани имиҷи Қазоқистон ва ба даст овардани манофеи дигар, аз ҷумла афзоиши теъдоди сайёҳон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |