Қатъи фаъолияти "Зандра-Глобал" барои нақзи қонунҳои Тоҷикистон
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз тасмим дар мавриди қатъ намудани фаъолияти ширкати ҳиндустонии “Зандра-Глобал” дар қаламрави Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои расида, ин тасмим баъди он гирифта шудааст, ки нозирони раёсати дар Суғдбудаи ниҳоди мазкур дар пайи як санҷиш муайян кардаанд, “Зандра-Глобал” бидуни сабти намояндагии тиббии хориҷӣ дар Хуҷанд фаъолият дошта, шаҳодатномаи аккредитатсионӣ надорад. Ба ҷуз ин, аз анбори мансуб ба ширкат, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудааст, 13 номгуи доруворӣ (12052 адад) ёфт шудааст.
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ Бахадурия Панкаҷ, намояндаи ширкати мазкурро барои нақзи як силсила қонунҳои Тоҷикистон 8000 сомонӣ ҷарима карда, феҳрасти табибонеро, ки бо “Зандра-Глобал” ҳамкорӣ доранд, барои чораҷӯӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |