Муроҷиати омбудсмен ба Салимзода дар мавриди Тоҷиев
Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик, аз Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон хостааст, фавти Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҳбаси вилояти Суғдро ҳаматарафа мавриди санҷиши мунсифона қарор диҳад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ализода дар муроҷиатномааш ба додситонии кул, ки 31-уми январ ирсол шудааст, аз фавти Умедҷон Тоҷиев дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намудааст.
Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷон дод. Ӯ ҳангоми партофтан аз ошёнаи севум сахт зарб хӯрда буд ва ҳатто барои мулоқот бо вакили мудофеаш рӯи занбар меомад. Бо вуҷуди он ки мудофеашон борҳо аз мақомот интиқоли ӯ ба бемористон ва табобатшро талаб карда буданд, вале ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфт ва дар он ҷо фавтид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |