Тошниёз Ахмедови 62-сола бо ҷурми қаллобӣ аз сӯи кормандони милисаи ноҳияи Синои пойтахт боздошт гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД номбурда, ки сокини кӯчаи Шамсӣ аст ҳанӯз 1-уми майи соли равон манзили истиқоматиашро бон архи 24 300 доллари амрикоӣ ба Қодир Ғозиев фурӯхта, онро дар идораи нотариалии Сино таҳти рақами 8 Д-1270 ба қайд гирифтаанд. Аммо Ахмедов то имрӯз хонаро холӣ накарда, маблағҳои аз фурӯши хона ба дастовардаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Ҳамчунин, бо ҳамин ҳодиса монанд дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи шаҳрванд Маҳмадалӣ Фозилов, сокини маҳалаи 40-солагии Октябр, ба мақомоти интизомӣ ирсол гардидаст. Ба қавли ҷабрдида, 11-уми майи соли 2009, Абдулваҳоб Саидов сокини ҷамоати «Бӯстон»-и шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада хона ва амволи ӯро дар бонки «Эсхата» ба гарав мемонад. Аз бонки мазкур маблағи 20.000 доллари ИМА-ро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр