Омодагии Тоҷикистон барои хидмат дар роҳи Ислом бо Қатар
Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Қатар дар мавриди рушду пешрафти дини Ислом ва мусулмонон эълон кардааст.
Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Доҳа, дар ҷараёни боздидаш аз Маркази фарҳангӣ-исломии шайх Абдуллоҳ ибн Зайд Оли Маҳмуд гуфтааст, кишвараш омода мебошад, то дар роҳи хидмат ба Ислом ва мусулмонон бо Қатар ҳамкорӣ кунад. Дипломати тоҷик дар идома аз саъйу талошҳои Қатар барои хидмат ба Ислому мусулмонон ситоиш карда, саҳми маркази мазкурро дар муаррифии фарҳанги исломӣ ва омӯзиши забони арабӣ барои ғайри арабзабонҳо назаррас хондааст.
Абдуллоҳ Муҳаммад, раиси Маркази фарҳангӣ-исломӣ низ дар навбати худ гуфтааст, дари ин марказ ба рӯи ҷавонони тоҷик ва фарзандони тамоми ҷаҳони Ислом кушода аст. Ӯ ибрози умедворӣ кардааст, ки ҷавонони тоҷик аз ин фурсат хуб истифода хоҳанд кард.
Маркази фарҳангӣ-исломии шайх Абдуллоҳ ибн Зайд Оли Маҳмуд дар зери Идораи даъват ва роҳнамоии динии Вазорати авқоф ва умури исломии Қатар таъсис ёфта, барои омӯзиши забони арабӣ ва фарҳанги исломӣ барои ғайри арабзабонон ифтитоҳ гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |