Раҳоии 9 тоҷик аз муҳосира дар роҳи миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, 9 сокини кишвар, аз ҷумла 5 марду 3 зану 1 кӯдак, ки дар пайи тармафароӣ дар минтақаи Қарамиқ, миёни Тоҷикистону Қирғизистон, дар муҳосира монда буданд, раҳо шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин сокинони давоми шабонарӯз дар муҳосираи барф қарор доштанд, то ин ки роҳбонҳои минтақаи Лахш роҳро аз тарма пок карда, онҳоро халос намоянд.
Вазорати нақлиёт мегӯяд, 9 шаҳрванди Тоҷикистон, ки азми рафтан ба ноҳияи Ҷиргатолро доштанд, осебе надида, бо ғизо ва либоси гарм таъмин шуданд. Инчунин, Вазорат банд будани роҳ дар самти Душанбе-Хоруғро низ таъсдиқ кард.
Шӯҳрат, як ронандаи мошини боркаш, ки қариб як ҳафта боз дар пайи барфрезию тармафароӣ дар ноҳияи Дарвоз дармондааст, низ изҳор дошт, ки мошинҳои боркаш тавони ҳаракатро надоранд. “Техника дуруст кор намекунад. Баъзан роҳро мекушоянд, ки аз он мошинҳои хурди мусофиркаш метавонанд, гузаранд. Аммо мошинҳои боркаш дармондаанд. Ҳозир соломатиямон тамоман бад аст. Гурдаҳоро хунук задааст, чашмҳоямон варам кардаанд. Роҳро васеъ намекунанду хок намепошанд”,-афзуд ин ронанда. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |