Оҷонсӣ: "Мудир бе асос ба писару келинаш маош додааст"
Мақомоти Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки мудири тандурустии ноҳияи Варзоб бидуни асос писару келинашро ҳамчун кормандони муассисаҳои тиббӣ сабт карда, ба номашон маош мегирифтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ хабар дода, афзудааст, “Камолиддин Саидов -- менеҷери сохтори госпиталӣ дар ноҳияи Варзоб дар давраи фаъолияти кориаш, мунтазам ба тасарруфи амволи ғайр, бо истифода аз ваколати мансабӣ даст задааст.”
Ин ниҳод мегӯяд, ин мансабдор писарашро аз моҳи июни соли 2011 то моҳи октябри соли 2013, ба ҳайси ронандаи беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва келинашро ҳамчун корманди хурди Маркази саломатии Тагоб ва шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб номнавис карда, аз хазинаи Беморхонаи мазкур дар маҷмӯъ ба маблағи 19 ҳазору 567 сомониро чун маоши онҳо гирифтааст.
Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ мегӯяд, нисбат ба Камолиддин Саидов парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, феълан мавриди тафтиш қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |